Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

тарҷумон аст. Маҳз ба тавассути тарҷумон калимаи “болшевик” дар дили Қориишкамба тарсу ҳарос ҷой карда, оқибат сабаби ҳалокати ӯ мешавад. Хабари тарҷумон дар бораи тағйири ҳукумати Русия воситае гардидааст, ки нависанда изтиробу ҳаяҷони қалбии ӯро бо тамоми нозукӣ ба тасвир гирад. Ҳамаи образҳои дигари мусбату манфӣ боиси такмили паҳлӯҳои гуногуни хислати Қориишкамба гардидаанд. Меҳнати бисёрсолаи нависанда боиси он гардид, ки “Марги судхӯр” аҳамияти умумиҷаҳонӣ пайдо намояд. Дар адабиётшиносӣ образи Қоришкамба ба беҳтарин образҳои ҳаҷвии ҷаҳонӣ чун Шейлоки нависандаи англис Шекспир, Гобсеки нависандаи фаронсавӣ Балзак, Плюшкини нависандаи рус Н.В.Гогол, Идушка Головлёви нависандаи рус С.Щедрин, Ҳоҷиогои нависандаи эронӣ Содиқ Ҳидоят дар як саф гузошта шудааст.

“Ёддоштҳо” – асари ҷамъбастии Айнӣ. “Ёддоштҳо” охирин ва бузургтарин асари устод Айнӣ мебошад. Он баъди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ таълиф ёфта, дар муддати солҳои 1948-1954 ба табъ расидааст. Ин асари калонҳаҷм аз чаҳор қисм иборат аст ва ҳар чор қисми он 1000 саҳифаро дарбар мегиранд. Мувофиқи маълумоти дуҷилдаи “Феҳрасти асарҳои Айнӣ ва адабиёти оид ба ӯ” (1963; 1978) қисматҳои якум ва дуюми “Ёддоштҳо” то соли 1978 ба 23 забони дунё, аз ҷумла, ба забонҳои англисӣ, хитойӣ, фаронсавӣ, арабӣ, немисӣ, украинӣ тарҷума ва чоп гардидааст. Дар бораи “Ёддоштҳо” олимон ва адибони бисёри ватаюнию хориҷӣ чун М. Турсунзода, К. Федин, М. Шакурӣ, М. Авезов, С. Табаров, Р. Ҳодизода, И. Брагинский, А. Сайфуллоев, Г. Ломидзе, Л. Арагон, Саид Нафисӣ, Ян Рипка, Иржи Бечка, Сарвари Гее изҳори ақида карда, асарҳои тадқиқотӣ таълиф намудаанд.

пешина
аз 343
навбатӣ