Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

С. Айнӣ аз бозе ки қалам ба даст гирифта, ба кори эҷодӣ пардохт, орзу мекард, ки хотироту ёддоштҳои хешро рӯйи қоғаз оварад. Вале ӯ барои оғози чунин навъи эҷод ҷуръат намекард. Устод бар ин ақида буд, ки ёддоштнависӣ аз романнависию ҳикоянависӣ душвортар аст. Ба фикри Айнӣ, инсон то зиндагии гузаштаро дуруст надонад, рӯзгори муосирро дарк карда наметавонад. Соли 1940 С. Айнӣ асари “Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам”-ро навишт, ки ин машқи пешакӣ барои эҷоди асари ёддоштӣ буд. Вақте ки синну соли нависанда аз ҳафтод мегузарад, дар худ заъифию пирӣ эҳсос карда, неруи кориаш ҳам камтар мешавад, нависанда қарор медиҳад, ки фурсати боқимондаи умрро ба эҷоди “Ёддоштҳо” сарф намояд. Адиб ният доштааст, ки воқеаҳои “Ёддоштҳо”-ро аз деҳа, аз рӯзе, ки худро шинохтааст, оғоз намуда, дар шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд то ғалабаи инқилоби Октябр (ноябри соли 1917) давом диҳад. Аммо марг имкон надод, ки С. Айнӣ ин нияти эҷодии худро бо тамоми ба анҷом расонад.

Қисми якуми “Ёддоштҳо” “Дар саҳро” ном дошта, воқеаҳои давраи кӯдакии нависандаро аз чор-панҷсолагии ӯ то соли 1890 дарбар мегирад. Дар ин қисм ҳодисаву воқеаҳое, ки дар деҳоти Соктаре ва Маҳаллаи Боло рух додаанд, то вафоти падару модари Садриддин ва ба Бухоро раҳсипор шудани ӯ тасвир ёфтаанд. Се қисми минбаъдаи “Ёддоштҳо” “Дар шаҳр” ном дорад. Дар қисми дувум оид ба мадрасаҳои Бухоро, барномаҳои таълимии онҳо, тартиби зиндагии аҳли мадраса ва тариқи омӯзиши толибилмон маълумот дода мешавад. Дар ин қисм инчунин соли аввали таҳсили Садриддин дар мадрасаи Мири Араб (соли хониши 1890-1891) тасвир ёфтааст.

Қисми ІІІ аз соли 1891 ибтидо гирифта, то соли 1896 давом меёбад. Дар ин қисм Садриддин ба хонаи

пешина
аз 343
навбатӣ