Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Ҳамин тариқ, “Ёддоштҳо” дар ҳалли бисёр масъалаҳои адабиёти охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX чун сарчашмаи мӯътамади адабӣ саҳм мегирад.
Қисматҳои сеюм ва чоруми “Ёддоштҳо” дорои аҳамияти калони илмӣ мебошад. Мундариҷаи асар таърихи фарҳангии халқи тоҷикро дар поёни асри XIX ва ибтидои садаи XX равшан ва муфассал бозгӯ менамояд. Маълумоти С. Айнӣ оид ба таърихи мадрасаҳои Мири Араб, Олимхон, Бадалбек, Ҳоҷӣ Зоҳид, Лаби Ҳавзи Арбоб ҷолиб ва омӯзанда мебошад. Толибилмони мадрасаҳои Бухоро дар як сол шаш моҳ (аз 22 сентябр то 22 март) ва дар як ҳафта чор рӯз (шанбе, якшанбе, душанбе, сешанбе) дарс мехонданд. Ба қавли С. Айнӣ, “Дар мадрасаҳои Бухоро асосан илмҳои зерин мегузашт: сарфу наҳви забони арабӣ, мантиқ, ақоиди исломӣ (илми калом), ҳикмат (ҳикмати табий ва илоҳӣ), фиқҳи исломӣ (таҳорат, намоз, рӯза, ҷаноза, масъалаҳои ҳаҷ, закот, харидуфурӯш ва монандӣ инҳо, ки дар амалиёти динӣ ё ин ки дар муомилоти ҷамъият оид аст)”.
Умуман, аз суханони С. Айнӣ маълум мешавад, ки ҳукумати амирӣ ба илму маориф муносибати сарсарӣ доштааст. Маълумоти С. Айнӣ оид ба сохту намуди биноҳои мадрасаҳо, масҷидҳо ва хонақоҳҳои Бухоро бошад, хонандаро ба таърихи меъморӣ ва шаҳрдории тоҷик шинос менамояд. Ин биноҳо ба таҳаввули минбаъдаи меъмории асримиёнагии Осиёи Марказӣ ишора мекунад. С. Айнӣ дар “Ёддоштҳо” оид ба расму русум, урфу одатҳои халқ, маросимҳои мардумӣ, табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва ҷамъиятҳои онҳо муфассал сухан рондааст. Аз рӯйи гуфти нависанда, “оммаи мардуми Бухоро бештар косиб, саис, аробакаш, машкоб, гилкор, дуредгар ва хеле зарифу ҳозирҷавоб будаанд. Олуфтаҳои Бухоро бошанд, аз дигар табақаҳои аҳолӣ ҳам бо либоспӯшӣ, ҳам бо рафтору гаштор ва ҳам бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё