Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

қасамхӯриашон фарқ мекарданд. Олуфтаҳо се мартаба доштанд: «нимтайёр», «тайёр» ва «марди мардон». Марди мардон касе интихоб мешуд, ки дар мардӣ мумтоз, дар зӯрӣ беҳамто, ба дуздӣ ва шӯрапуштӣ тӯҳматзада нашуда бошад. “Қасами олуфтаҳо “саттор” буд. Агар як олуфта “саттор, ки фалон корро мекунам” гӯяд, сараш равад ҳам, бояд он корро мекард. Агар накунад ва қасамашро шиканад, аз миёнаи олуфтаҳо ронда шуда, ба “номардӣ” машҳур мегардид”.

Қимати “Ёддоштҳо”-ро тасвирҳои моҳи шарифи Рамазон, иди Наврӯз, тӯй, гулгардонӣ, зочабозӣ, подшоҳбозӣ барин маросиму маъракаҳо боз ҳам афзудаанд. Айнӣ тавонистааст, ки ҳаёти мардуми тоҷикро дар як давраи муайяни таърихӣ бо тамоми паҳлӯҳояш пешкаши хонанда намояд.

Фаъолияти илмии Айнӣ. Фаъолияти илмии Айниро бештар асарҳои адабиётшиносӣ муайян мекунад. Соли 1926 асари калонҳаҷми ӯ – “Намунаи адабиёти тоҷик” дар Маскав ба табъ мерасад. Ин китоб аз се қисм иборат аст ва дар он аз Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (асри Х) то Пайрав Сулаймонӣ (асри ХХ) намунаи осори 220 адиби адабиёти ҳазорсолаи тоҷик оварда мешавад. “Намунаи адабиёти тоҷик” тазкира мебошад ва дар он аввал шарҳи ҳол ва баъд намунаи осори ҳар адиб баён мегардад. Маълумоти Айнӣ мухтасар, вале пурмуҳтавову фарогир аст. Мисол: “Абдулқодирхоҷаи Савдо аз ҷумлаи наводири рӯзгори худ буд. Илова бар фазлу камолоти расмӣ мисли наққошӣ, лаввоҳӣ, заргарӣ ҳунарҳоро монандӣ як мутахассис медонист. Дар мусиқӣ маҳорат дошт. Адвори “Шашмақом”-ро маъа шӯаботаш забт ва қайд карда буд. Дар рамл, нуҷум ва найранҷот низ ҳаз дошт. Маҳфилоро, ҳозирҷавоб, базлагӯй ва хушмуҳовара буд. Бо хурду бузург яксон, аз кибру ғурур ҳаросон буд. Дар назм

пешина
аз 343
навбатӣ