Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Шояд яке зи шасти камонабруе расад,
Шодам, чу сар ба тири ҳаводис сипар шавад.
Парво надорам, аз сари ман ҷон равад ва лек
Тарсам, ки дарди ишқи ту бо ҷон бадар шавад.
Бар ман ғами фироқи ту, Айнӣ, ба сар шуда,
«Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад».
Ёди айёме ки ман ҳам шамъи маҳфил доштам, Яъне, он зебошамоил дар муқобил доштам.
Мезанам аз яъс бар сар ин замон дасте ки ман Пеш аз ин дар гардани ҷонон ҳамоил доштам.
Дар лаби Ому ба Каркӣ шодмон аз васли ӯ, Гаҳ гузар дар баҳру гаҳ манзил ба соҳил доштам.
Талхии айём дар қомам гуворо менамуд, То назар бар рӯйи он шириншамоил доштам.
Мекунам бо мӯя ёд имрӯз он айше ки ман Дар лаби Омӯя бо дилдор ҳосил доштам.
Гаҳ ба қозихона бо аҳбоб будам шодком, Дар нишимангоҳи мирӣ гоҳ манзил доштам...
Дил ба дилдор аст, ман афтода аз дилдор дур, Ёди айёме, ки ҳам дилдору ҳам дил доштам.
Мекушад ин ҳасратам охир, ки боре ӯ нагуфт:
Айнии маҷҳур, яъне зору бедил доштам.
Нигори сарвкадди гулбадан – ороми ҷони ман,
Сиҳисарву суманрухсор шӯхи нуктадони ман,
Зи нозу ғамзаи чашми ту ақлу хушам аз сар рафт,
Агар холам напурсӣ, меравад аз даст ҷони ман.
Лабам аз лаъли ҷонбахши ту кай ёбад муроди худ,
Ба лаб омад ба ин уммед ҷони нотавони ман.
Гумон дорам ба рағми ман ба душман дӯстӣ дорӣ,
Маъаллоҳ аз он ҳолат яқин гардад гумони ман.
Қади сарват, ки ороми дилу ҷонам аз ӯ бошад,
Ба ҷавлон бурд аз ҷон тоқату аз дил тавони ман.
Биё, пинҳон тасаллии дили бетокати ман шав,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё