Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа
Наафтад то миёни мардумон рози ниҳони ман.
Ба беморӣ фитодам аз ғамат, як бор пурс аз лутф,
Ки чун шуд Айнии бечораи беҳонумони ман?
Фикре ту ба ҳоли зори ман кун
Марҳам ба дили фиғори ман кун!
Зомин машав аз барои хунам,
Раҳме ба ман, эй нигори ман, кун!
Аз гиряи ман чӣ ранҷа гардӣ?
Як ханда ба рӯзгори ман кун!
Лутфе бинамову кори дил соз!
Ё теғ бигиру кори ман кун!
То воқифи ҳоли ман шавӣ, даст
Дар синаи беқарори ман кун!
Аз лутф хирому гарди роҳат
Дар дидаи интизори ман кун!
Орому қарору сабр бурдӣ,
Коре пайи ҷони зори ман кун!
Наҳли қади хеш ҷилва фармой,
Дар чашми чу ҷӯйбори ман кун!
Айнӣ шуда лол, арзи ҳолаш,
Эй боди сабо, ба ёди ман кун!
Ман бандаи сарви қомати ту,
Қурбони туву латофати ту.
Дидам ҳама шаккаринлабонро,
Н-омад зи яке ҳаловати ту.
Вайрон созӣ бинои тақво,
Ин аст ҳамеша одати ту.
Лаззат бахшад ҳадиси ишқат,
Шаҳд аст магар ҳикояти ту.
Аз марҳами дигарон накутар
Бар синаи ман ҷароҳати ту.
Нозукбаданию нозанинрух
Гулро набувад назокати ту.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё