Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

Шӯре ба ҷаҳон фиканд ишқам
Аз ҳусни туву ҳаловати ту.
Ҷонҳо бикашад ба хоку хунҳо
Рафтори асарқиёмати ту.
Ҳар шаб ба дуо равам ба кӯят
Дар орзуи ҳақорати ту.
Бо дашноме навоз моро,
Кофист ҳамин зиёфати ту.
Мурдан бошад беҳин муродам,
Гар қатли ман аст иродати ту.
Ҳаргиз нарасад сухан ба поён
Дар хубии бениҳояти ту.
Айнӣ, чӣ бало ҳариси ишқӣ?
Таҳсин ба шикебу тоқати ту!

пешина
аз 343
навбатӣ