Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

ба хонаи Кассио мепартояд. Вақте ки Отелло барои пурра бовар кардан ба «хиёнатҳои» занаш аз Яго ҳуҷҷат талаб мекунад, ӯ дар дасти Кассио дидани рӯймолчаи Дездемонаро далел меорад. Ҳамчунин, имконият фароҳам меоварад, ки генерал рӯймолчаи ба занаш тақдим намударо дар дасти Кассио бинад. Макру ҳилла ва дасисаҳои Яго Отелдоро аз қиматтарин дороияш — муҳаббати Дездемона маҳрум сохт ва генерали фотеҳро дар андак муддат ба шахси раҳгум, кӯтоҳандеш ва интиқомҷӯ табдил дод. Отелло дар рӯзҳои аввали ба Кипр омадан Дездемонаро чунин истиқбол гирифта буд.

Отелло: Ифтихорам, ту дар Кипр азизтарин меҳмон хоҳӣ буд... Ҷони ширинам, ман аз шодиям гапҳои бетартиб мезанам... Равем, Дездемона! Боз ҳам хуш омадӣ ба Кипр.

Генерал баъди найрангҳои Яго дар ҳаққи ҳамсаре, ки ифтихораш мехонду ҷони ширинаш меномид, қабеҳтарин алфозро раво мебинад. Аз ҷумла, ба «Чӣ гуноҳи номаълуме кардам?» гуфтани Дездемона ӯ чунин ҷавоб медиҳад.

Отелло: Эй, зани фосиқ! Агар ман корҳоятро мегуфтам, рухсораҳоям монанди кӯра мешуданд. Чӣ кардай?

-Осмон бинии худашро мебандад, моҳ чашмашро мепӯшад; ҳатто боди бешарм, ки ҳар чизро дар роҳи худаш мебӯсад, ба чуқуртарин партгоҳ рафта пинҳон мешавад, ки инро нашунавад.

  • Чӣ кардай? Фоҳишаи беҳаё!

Саҳнаи қурбони макру фитна гардидани Дездемона хеле муАССИР ва ғамангез аст. Отелло ба хонаи хоби Дездемона медарояд. Аз муколамаи онҳо, аз як тараф, самимият, садоқат, табиати орому мусаффо ва асолати Дездемона ва, аз тарафи дигар, зудбоварӣ, кӯтоҳандешӣ ва сабукфикрии Отелло маълум мешавад.

пешина
аз 343
навбатӣ