Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

ТаҳсилотАдабиёт
Аз аввал хондан

САДРИДДИН АЙНИЙ
(1878-1954)

Садриддин Сайидмуродхоҷа Айний 15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони аморати Бухоро ба дунё омадааст. Падараш — Сайидмуродхоҷа асосан ба касби кишоварзӣ шуғл дошта, соҳиби чаҳор писар бо номҳои Муҳиддин, Садриддин, Сироҷиддин ва Киромиддин буд. Падар аз ҳосили ду таноб заминаш рӯзгори оиларо таъмин карда наметавонист, аз ин рӯ ба касбҳои бофандагиву сангиосиёбтарошӣ низ машғул буд. Садриддин айёми бачагиро дар ду деҳа — Соктаре, ки марбути тумани Ғиждувон буд ва Маҳаллаи Боло, ки дар қаламрави тумани Шофирком қарор дошт, гузаронидааст. Падари Садриддин чанд муддат дар мадрасаҳои Бухоро таҳсил доштааст ва дар назди писар шеърҳои Саъдиву Ҳофиз, Бедилу Соиб ва Исомахдум ном шоири он замонро қироат намуда, боиси бедор гардидани завқи шеърфаҳмиӣ ӯ гардидааст.

Садриддин дар шашсолагӣ ба мактаб меравад. Азбаски дар мактаби писаронаи деҳа чизе омӯхта наметавонад, ӯро падар ба мактаби духтарона медиҳад ва чанд сол дар назди Бибихалифа сабақ омӯхта, аз девонҳои Ҳофизу Бедил ва ашъори узбекии Навоию девони озарии Фузулӣ як андоза баҳравар мегардад. Тобистони соли 1889 дар Бухоро ва атрофи он касалии вабо омад. Садриддин дар байни чиҳил рӯз аз падару модар ҷудо шуд ва чанд гоҳ дар бемордории бародарон қарор гирифт.

Рӯзе дар Маҳаллаи Боло яке аз рушанфикрони Бухоро Садри Зиё меҳмон шуд. Садриддин, ки ба хабаргирии модаркалонаш рафта буд, ба дидори ин меҳмони олиқадр мушарраф гардид. Меҳмон дар суҳбат ба зиракии Садриддин пай бурда чунин таъкид кард: "Ин бачаро

пешина
аз 343
навбатӣ