Зеҳн
Баёзи адабӣ (Қисми 3)

Ин китоб дастури таълимӣ буда, барои кори мустақилонаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ шудааст. Он маводи муҳими адабиро фаро гирифта, ба омӯзиши амиқи осори бадеӣ мусоидат мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 343 саҳифа

АдабиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

барои хондан ба шаҳр бурдан даркор аст. Қобилиятнок менамояд”. Ҳамин лутфу иқдом буд, ки Садриддин сентябри соли 1890 дар сафи муллобачаҳои мадрасаҳои Бухоро қарор гирифт. Таҳсил дар мадрасаҳои Бухоро 19 сол давом мекард. Дар мадраса ин муддат муллобачаҳо аз сарфу наҳви забони арабӣ, мантиқ, акоиди ислом (илми калом), фиқҳи исломӣ (тарзи иҷрои таҳорат, намоз, рӯза ва ғ.) дарс мегирифтанд. Садриддин то соли 1906 дар мадрасаҳои Мири Араб (1890-1891), Олимхон (1892-1893), Бадалбек (1894-1896), Хоҷа Зоҳид (1896- 1898) ва Кӯкалтош (1899-1906) таҳсил карда, душвориҳои зиёди зиндагиро аз сар гузаронидааст. Садриддин аз камбизоаттарин муҳассилини мадрасаҳои Бухоро будааст. Бинобар ин, бештари вақти ӯ, чи тавре ки устод дар “Ёддоштҳо” тасвир кардааст, на ба дарсхониву такрори дарсҳо, балки ба таъмини рӯзгор сарф мешудааст. Бе попӯшӣ мондан, аз хунукӣ кафҳои поҳо кафида хуншор шудан, мудом аз байни ангуштони поҳо хун шоридан лаҳзаҳои нохушу даҳшатборе буданд, ки ҳамвора ба Садриддини толибилм дучор меомаданд.

Дар ташаккули минбаъдаи шахсияти Садриддин шиносоӣ ба аҳли илму фарҳанги Бухоро мусоидат намуд. Садриддин октябри соли 1891 ба хизмати Шарифҷонмахдуми Садри Зиё даромад, ки ин ба тақдири минбаъдаи ӯ таъсири ҷиддӣ расонд. Шоири ҷавони боистеъдод Муҳаммад Сиддиқи Ҳайрат бошад, дилбастагии Садриддинро ба шеъру шоирӣ тақвият дод. Ибтидои соли 1917 ҳодисае рӯй дод, ки С.Айнӣ маҷбур шуд аз Бухоро фирор намояд. Бо таъсири инқилоби феврали соли 1917-и рус фаъолияти ислоҳталабии ҷавонбухориён вусъат пайдо кард ва амири Бухоро – Олимхон маҷбур шуд, ки 22 апрели соли 1917 дар хусуси ислоҳот фармон барорад. Ҷавонбухориён 23 апрел ба намоиши шукрона баромаданд, вале ба аксулҳаракати

пешина
аз 343
навбатӣ