Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Роҳро гум кардӣ, дӯстам! — шитобон ба хоҳарзодааш наздик шуда мепурсад плантатор.

— Не, тағо, ҳоло не. Ман истодам, ки ба гирду атроф назар андозам. Ана бо ҳамин водӣ рафтанамон лозим аст. Бигузор корвон роҳашро давом диҳад. Мо дуруст рафта истодаем, ман ба ин зомин мешавам.

Корвон аз нав ба роҳ медарояд. Аз нишебӣ мефурояд, қадқади водӣ равон мешавад, аз нав боло мебарояд ва боз дар баландӣ қарор мегирад.

— Ба ҳар ҳол ту роҳро гум кардӣ, Қаш? — ба хоҳарзодааш наздик шуда, саволашро такрор мекунад плантатор.

— Арвоҳ занад! Метарсам, ки гапат ҳақ, тағо. Вале гӯй, кадом иблис метавонад, ки дар ин дашти сӯхта, роҳро кофта ёбад!..
Не, не! — тамоман наздик омадани коретаро дида, нохост ҳитоб менамояд Колхаун. — Акнун ҳамаш ба ман маълум. Мо дуруст рафта истодаем. Дарё бояд ана дар ҳамон тараф бошад. Ба пеш!

Капитан аспро маҳмез мезанад, вале зоҳиран ба кадом тараф рафтанашро худаш намедонад. Фургонҳо аз ақиби ӯ ба роҳ меафтанд, вале парешонии Колхаун аз чашми аробакашҳо пинҳон намонд. Онҳо мебинанд, ки корвон рост намеравад, балки дар водиҳо дар миёни бешазорҳо чарх мезанад.

Вале нидои умедбахши сардаста баланд мегардад ва мусофирон дарҳол хушҳол мешаванд. Қамчинҳо баробар қарс-қарс садо мебароранд, нидоҳои шодона шунида мешаванд.

Мусофирон аз нав роҳро мебанданд, ки пеш аз онҳо, эҳтимол, даҳ-дувоздаҳ ароба гузашта рафта буд. Ва ин навакак будааст:
изи чарх ва суми аспон тамоман тоза буда, гӯйӣ як соат пеш гузошта шуда буданд. Зоҳиран, аз дашти сӯхта боз ҳамин гуна корвон гузашта рафта буд.

Онҳо барин, шояд, корвон ба соҳилҳои Леона роҳ паймудааст; аз эҳтимол дур нест, ки ин корвони ҳукуматӣ буда, ба қалъаи Инч рафтааст. Дар он сурат, фақат бо изи онҳо рафтан мемонад. Қалъа дар ҳамон тараф воқеъ гардида, аз мулки нав каме дуртар мебошад.

Аз ин беҳтар дигар чизеро чашмдор шудан мумкин набуд.
Аз ошуфтагии Колхаун осоре ҳам намемонад. Ӯ аз нав рӯҳ мегирад ва бо кибру ғурури ошкоро ба рафтан фармон медиҳад.

Корвон як миль ва шояд, зиёдтар аз ин бо ҳамин из меравад. Изҳо рост нарафта, балки дар байни бешаҳои сӯхта чарх
мезананд. Эътимоди худписандонаи Кассий Колхаун ба афсур-дагии ғамангез таддил меёбад. Оқибат вақте ӯ пай мебарад,

пешина
аз 509
навбатӣ