Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

дарё боло меравем, ё поин... Рафта расем, маълум мешавад.
— Вале, Кассий, мо ин хел роҳро гум мекунем!
— Парво накунед... Ба гумонам, фазои сӯхта чандон калон нест. Агар мо камтар аз роҳ бароем, ҳеҷ гап не; аз ду сар, барвақт ё бевақт, дар ягон ҷо ба лаби дарё мебароем.
— Бисёр хуб, дӯстам. Ту нағзтар медонӣ, умедам ба ту.
— Натарсед, таго. Ман сахтӣ ва мушкилиҳои аз ин бадтарашро дидагӣ... Ба пеш, зангиҳо! Аз паси ман!
Ва афсари мустаъфӣ ба сӯи корета, ки аз паси пардаи он ҳар замон қиёфаи хеле зебо, вале саҳл ошуфтаи духтаре менигарад, худписандона назар меафканад. Колҳаун аспро маҳмез зада, худбоварона пеш метозонад.
Пас аз қарс-қарс задани қамчинҳо садои гумбур-гумбури суми ҳашт-даҳ хачир омехта бо гичирроси чархи аробаҳо баланд мегардад. Фурӯ онҳо аз нав ба роҳ даромаданд.
Хачирҳо суръати гашташонро тезтар мекунанд. Сатҳи сиёҳи замин барои чашми ҳайвонот ғайриодатӣ мебошад ва ин гӯё онҳоро ҳадаҳа мекунонад; баробари сумашонро ба хокистар расонидан, дарҳол пой мебардоранд. Хачирҳоҷон рамида фирик-фирик мекунанд. Кам-кам онҳо ором мешаванд ва ба хачирони пиртар нигариста, аз паси онҳо баробар қадам партофта мераванд.
Корвон ба ҳамин минвол тахминан як мил роҳ тай мекунад. Пас боз меистад. Ин фармонро шахсе дод, ки худаш роҳбаладиро ба зимма гирифта буд. Ӯ лаҷоми аспро мекашад ва дар авзои вай акнун худбоварии пештара дида намешавад. Шояд, вай ба кадом тараф рафтанашро надониста ҳайрон бошад.
Манзара, агар фақат онро ҳамин тавр номидан мумкин бошад, тағйир ёфт, аммо беҳ нашуд. Ҳама ҷо мусли пештара то уфук сиёҳ буд. Лекин акнун сатҳи замин ҳамвор ва набуд: он пасту баланд шуд. Силсилаи теппаҳо ба водиҳо иваз мешаванд. Гуфтан мумкин нест, ки дар ин ҷо тамоман дарахт нест, агарчанде ки ҳар чӣ аз онҳо боқӣ мондааст, дар гумон онҳоро дарахт номидан мумкин бошад. То сӯхтор дар ин ҷо дарахтони алгаробо¹, мескито² ва боз баъзе намудҳои ақокие тока-тока ва беша-беша меҷӯиданд. Аз баргҳои пармонанди онҳо ному нишон намонда, фақат танаҳои сӯхта ва шоҳчаҳои сиёҳ монда буданду халос.

¹ Алгаробо — аз ҷинси дарахти ақоқиё.
² Мескито — буттаи хордор.

пешина
аз 509
навбатӣ