Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

даҳони ӯ баромаданд, агарчи қасдан гуфта нашуда бошанд ҳам, ба саволи креолдухтар ҷавоби беғаразона буданд.

— Айгирҳои ваҳшӣ! — бо оҳанги пуризтироб хитоб намуд вай. — Ман медонистам, ки онҳо бояд дар ҳамин буттазор бошанд.. Гапам баромад!

— Ин ҳамон хатари шумо гуфтагӣ?

— Ҳа.

— Вале охир онҳо мустанг-ку! Чӣ ҷои тарс доранд онҳо?

— Одатан аз онҳо ҳеҷ тарсидан лозим нест. Вале маҳз ҳозир дар ҳамин вақти сол, онҳо мисли паланг бераҳм ва ҳамчунон маккор мешаванд. Аспи ваҳшии хашмгин аз гург, юз ва хирс хавфноктар мебошад.

— Чӣ бояд кард? — ҳаросон пурсид Луиза ва ба шахсе, ки аллакай як бор ӯро аз фалокат наҷот дода буд, наздик омад: ӯ бо изтироб ба чашмони мустангер нигариста маътали ҷавоб буд.

— Агар онҳо ҳамла оранд, — ҷавоб дод Морис, — мо ду роҳи халосӣ дорем. Якумаш аспонамро ба онҳо қурбон намуда ба дарахт баромадан.

— Дуюмаш чӣ? — пурсид креолдухтар бо тамкин. Ин оҳанги гапзании ӯ аз далерие шаҳодат медод, ки қодир аст ба мушкилитарин санҷиш тоб биёрад. — Чӣ ки гӯед майлаш, вале аспонро танҳо гузоштан лозим нест! Ин барои халосӣ чораи намешудагӣ.

— Мо ин корро карда ҳам наметавонем. Дар наздикӣ ягон дарахти мувофиқ нест ва агар онҳо ба мо ҳамла оранд, мо фақат ба чаққоннии аспони худ умед баста метавонем. Мутаассифона, — ба гап давом намуд вай модйени гули бодом ва баъд аспи худро аз назар гузаронида, — имрӯз кори онҳо шуд, ҳардуяшон ҳам хеле монда шуданд. Бадии кор ҳам ҳамин. Дар гумон ки айгирҳои ваҳшӣ шалпар бошанд...

— Вақти рафтан нашуд?

— Ҳоло не. Ҳар қадар ки аспони мо зинӯ дӯм гиранд, боз беҳтар. Шояд, айгирҳо ҳоло ба тарафи мо тоб нахӯранд. Аммо агар тоб хӯранд ҳам, ин чунин маънӣ надорад, ки онҳо ба мо ҳамла мекунанд. Ҳамааш ба ҳолати онҳо вобаста. Агар онҳо якдигарро хонда истода бошанд, онгоҳ ба мо ҳуҷум карданашон мумкин. Дар чунин маврид онҳо девона мегарданд ва ба ҳамҷинсони худ, ҳатто агар дар пушташон одам бошад ҳам, ҳамла меоранд... Ҳа, гапам дуруст баромад! Онҳо байни худ ҷанг мекунанд. Садои шиҳакашиашонро мешунавед? Онҳо ба ин тараф меоранд!

пешина
аз 509
навбатӣ