Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

маротиба баландтар буданд. Садои раъдоси гумбур-гумбури суми аспон, ғиззасзанӣ ва қасар-қусури шикастани шохчаҳо, дар баробари фирик-фирики ғайритабии шунида шудани шакар-шукури баланди дандонҳои, ба қабурга ва сағриҳо лагад зада паст-паст садо баровардани суми аспон ва шиҳаи гӯшкаркунандаи бадҳашмона ва дардомез ба он ҳамроҳ мешуданд. Аз ин овозҳои гӯшкаркунанда дар гирду атроф ҳама чиз меларзид ва ба назар чунин менамуд, ки худи замин дар мадораш ҷунбида истодааст.

Ин овозҳо аз занозании шиддатноки айғирҳои ваҳшӣ шаҳодат медоданд. Онҳо ҳанӯз наменамуданд, аммо буттазорро раҳна карда ва ягон лаҳза занозаниро қатъ накарда, наздик мешуданд.

Морис нав ба ҳаракат кардан ишора намуда буд, ки галаи аспони ваҳшии гуногунранг дар гузаргоҳи танги байни буттазор намоён шуд. Пас аз як сония онҳо мисли тарман доштанашаванда зада ба ялангии васеъ даромаданд.

Ин тарман зиндаи махлуқони аз ҳама зебо буд, ки танҳо дар табиат вуҷуд доранд, зеро ҳатто одам бояд ҷон якумро ба онҳо гузашт кунад. Ман дар бораи аспи азобдидаи олами тамаддун, дар бораи аспи логарпушт, каҷпову сарҳамида, дар бораи аспе, ки кайчии ҷаллоб ё ин ки хизматгор ёлу думашро бурида ӯро баднамо кардааст, гап намезанам, — не, сухан дар бораи аспи ваҳшии саванна меравад, ки дар байни фазоҳои сабз зода шуда, мисли гули даштӣ озод ба воя расидааст.

Манзарае зеботар аз айғирҳои ваҳшӣ, ки дар дашт тозон мераванд, нест; хусусан ҳамон вақте ки дар ботинашон шаҳват туғён мекунад ва онҳо ба маҳв кардани якдигар тайёранд.

Аммо ин манзараи бошукӯҳ одамро ба воҳима мемононад — он бағоят даҳшаттовар аст ва зани камҷуръат як тараф истад, мард онро оромона тамошо карда наметавонад. Махсусан, вақте ки тамошобин аз ҷои кушод истода ба галаи мустангҳои ваҳшӣ менигарад ва ҷонашро дар хатар мемононад, ки худаш қурбонии ҳамлаи онҳо гардад.

Ҷавони савори аспи турук ва духтари савори мустанги гули бодомро ана ҳамин таҳдид менамуд. Ҷавон аз рӯи таҷриба чӣ гуна хавфнок будани ин гуна вазъиятро медонист; духтар бошад, инро пай набурда наметавонист.

— Ба ин тараф! — фарёд зад Морис ва аспро маҳмез зад, ки аз паҳлуи гала гузарад. — Худоё! Онҳо моро диданд! Зудтар, зудтар, мисс Пойндектер! Дар хотир дошта бошед, ки ҳамааш барои халосии ҷони шумо!

пешина
аз 509
навбатӣ