Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ранд, — ба гала, ки ҳанӯз дар он тараф буд, муоина карда ғур-ғур намуд вай. — Агар ман ақалан ягон тои онҳоро кушта тавонам, ин дигар айгирҳо бозмедорад ё то гурехта дур шудани мустанг андармон мекунад. Сарғалаи онҳо — ана ҳамон айгири турук. Ӯ, албатта, якумин шуда мечаҳад. Тири таппончаи мап дар масофаи сад қадам мерасад. Акнун кашол додан лозим нест!

Баробари гуфта шудани ин суханон садои тири таппонча баланд гардид. Аз ҳама калонтарини айгирҳо — мустанги турук — дар рӯи алаф якчанд маротиба гел хӯрда, роҳи аспони дигарро банд кард.

Якчанд мустанге, ки аз паси вай тозон меомаданд, дарҳол истоданд ва баъд тамоми гала қарор гирифт.

Мустангер ба рафтори минбаъдаи айгирҳо нигоҳ карда наистод ва дигар тир холӣ накард. Ӯ аз саросемагии онҳо истифода намуда ва фурсатро аз даст надода, сари аспро ба тарафи ғарб гардонд ва аз паси мустанги гули бодом, ки аллакай ба толоби рахшанда наздик мешуд, тохт.

Айгирҳои ваҳшӣ дигар гурезаҳоро таъқиб накарданд — шояд, ҳалокати сарғалаашон онҳоро тарсонид, ё ин ки ҷасади вай ягона ҷоеро, ки аз болои оббурда ҷаста гузаштан мумкин буд, банд карда халал мерасонид.

Морис хотирҷамъ аз паси ҳамсафари худ асп медавонд.

Ӯ дар назди толоб ба духтар расид. Духтар ба ҷуз як супориш, тамоми гуфтаҳои ӯро иҷро карда буд. Даромадгоҳ кушода буда, ходаҳо дар рӯи замин мехобиданд. Вай ҳамоно бар асп савор буд, аммо изтироб дили ӯро реш намекард. Вале ба гуфтан сухане намеёфт, ки ба Морис изҳори миннатдорӣ кунад.

Хатар гузашт.

Боби XVII

ДОМИ МУСТАНГҲО

Акнун дар сурате, ки онҳоро ҳеҷ чиз таҳдид наменамуд, креолдухтари ҷавон бо завқу завқ ба гирду атроф назар андохт.

У кӯли на он қадар калонеро, ё чи тавре техасиҳо мегӯянд, толоберо дид; изҳои бешумори суми аспон лабони кӯлро пӯшида буданд — зоҳиран, ин ҷои дӯстдоштаи обхӯраи мустангҳо буд. Девори баланди аз ходаҳо сохта шуда атрофи ҳавзро иҳота

пешина
аз 509
навбатӣ