Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
метавонист! Дар назари аввал гӯё аз ин ҳеҷ натиҷа ҳосил намешуд. Вале чаро имтиҳон карда набинад?
Зоҳиран, онҳо чунон саргарми сӯҳбат мебошанд, ки чунин имконият бидуни истисно нест. Алафи саванна маҳмал барин мулоим ва зарбаҳон оҳиста-оҳиста суми асп тамоман бесадо мебошанд.
Чунон бесабрӣ Колҳаунро фаро гирифт, ки ӯ якта-якта қадам монда рафта наметавонист; вале аспи чиранди вай бо майли тамом юргакунон рафт, ки ин тарзи гашти мукаррарии успони штатҳои Ҷануби Ғарбӣ мебошад.
Аспи Колҳаун сумҳояшро саҳл аз замин бардошта, қариб рӯ-рӯи алаф лағжида, бесадо пеш мерафт, аммо тез — чунон тез ҳаракат мекард, ки пас аз якчанд сония ба модани гули бодом ва аспи туруки мустангер расид.
Он гоҳ капитан аспи худро маҷбур намуд, ки суръати қадампартонашро суст карда, ба қадами онҳо роҳ гардад; худаш бошад пеш ҳам шуда, бо тамоми диққат гӯш меандохт.
Аз рӯи тарзи нишаст ӯ ба додани қабеҳтарин ҳақоратҳо ё худ, шояд, даст ба қабзаи корд ё ба таппонча бурдан тайёр буд.
Рафтори минбаъдааш аз он вобаста буд, ки чӣ мешунавад.
Вале ҳеҷ воқеа рӯй надод. Агарчи ҳарду савора ғарқи сӯҳбати худ дигар ҳеҷ хел садоро нашунаванд ҳам, маълум шуд, гӯши успони онҳо тезтар будааст ва ҳангоме, ки аспи чиранди хаста ба роҳгардӣ гузашта, сахт қадам гузошт, мустанги гули бодом ва аспи турук сарҳошонро ба ақиб гардонда, бо овози баланд шиҳа кашиданд. Нақшаи Колҳаун барбод рафт.
— Ҳа! Аммабача Каш! — ба тарафи капитан баргашта ҳитоб намуд Луиза ва дар оҳанги гуфтораш аз тааҷҷуб дида, ноумедӣ бештар ҳис карда мешуд.— Ту дар ҳамин ҷо? Падарам, Генри ва дигарон дар куҷо?
— Чаро ту инро аз ман мепурсӣ, Лу? Дар бораи онҳо ту чӣ қадаре ки донӣ, ман ҳам ҳамон қадар медонам.
— Наход? Ман гумон кардам, ки ту ба пешвози мо баромадай. Ва онҳо ҳам... Ох, бадани аспат пур аз қафк! Аз афташ, гӯё ту мо барин, кайҳо боз ӯро метозонӣ.
— Гапат дуруст. Аз худи аввал аз пасат асп тозондам, ки ба ту ёрӣ диҳям.
— Рост? Аз паси мо омаданатро намедонистам. Ташаккур.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо