Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

бачаи амма. Ман навакак ба мистер Ҷералд миннатдорӣ изҳор намудам, ки ӯ ҳам аз паси ман омада, меҳрубонона ману Камарро аз воқеаи басе ногувор, дурусттараш, аз хатари маргбор наҷот дод. Ба худ тасаввур кун, ки айғирҳои ваҳшӣ моро дунбол карданд ва мо аз онҳо гурехта, ба зӯр ҷонамонро ҳалос кардем.
— Инро медонам.
— Пас, ту аз паси мо тохтани онҳоро дидӣ?
— Не. Ман аз рӯи изҳо фаҳмидам.
— Аз рӯи изҳо? Ва ту ба ин сарфаҳм рафта тавонистӣ?
— Ҳа, ба туфайли эзоҳи Зеб Стумп.
— О! Вай ҳамроҳи ту буд? Ва шумо изи моро гирифта то... то куҷо рафтед?
— То оббурда. Зеб ба ман гуфт, ки ту аз болои он ҷаҳида гузаштӣ. Ин дуруст?
— Камар ӯста гузашт.
— Ва ту дар рӯи зин нишаста будӣ?
— Албатта! Чӣ хел саволи аҷиб, Кассий! — хандида гуфт ӯ.— Ё ин ки, ба фикри ту, ман бояд аз думаш медоштам?... Ту ҳам ҷаҳида гузаштӣ? — нохост оҳанги гапзанииашро дигар карда пурсид креолдухтар. — Ва изи моро гирифта пеш рафтӣ?
— Не, Лу. Ман тахмин кардам, ки ту аз ман пештар бармамегардӣ, бинобар ин аз оббурда рост ба ин тараф омадам. Ана ҳамин тавр мову ту вохӯрдем.
Луиза гӯё аз ин ҷавоб қонеъ буд.
— Ҳамту гӯй! Хуб шуд, ки ту моро дарьёб кардӣ. Мо оҳиста роҳ мепаймудем. Бечора Камар бисёр монда шуд. Намедонам то Леона чӣ хел рафта мерасад...
Аз ҳамон лаҳзае ки Колҳаун бо онҳо ҳамроҳ шуд, мустангер як даҳан гап назад. Ӯ таассуфи худро ошкор насохта, сӯҳбати креолдухтари ҷавонро тарк карда хомӯшона пеш рафт ва аз нав ба роли роҳбаладии худ баргашт.
Ба ин нигоҳ накарда, капитан якзайл озмоишкорона ба ӯ менигарист. Аммо вақте ки Колҳаун медид — ё фикр мекард, ки нигоҳи ваҷдомези ба он сӯ равона кардаи Луизара дид, чашмонаш иблисвор барқ мезаданд.
Саёҳати дурударози ҳарсе савора ба оқибати пурфоҷиа бурда расониданаш мумкин буд. Вале намоён шудани иштирокчиёни сайр чунин анҷомро пешгирӣ кард. Гурезаро ҳама бо нидоҳои баробари пурваҷд пешвоз гирифтанд ва то як муддат дигар фикрҳо аз сарҳо ронда шуданд.

пешина
аз 509
навбатӣ