Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Боби XIX
ВИСКИ БО ОБ
Дар посёлкае, ки дар наздикии қалъаи Инҷ воқеъ гардида буд, меҳмонхона бинои аз ҳама ба чашм намоён буд. Зотан, ин барои ҳамаи шаҳрҳои дар зарфи чил соли охир сохта шудан Техас хеле хос аст. Фақат дар як қисми ками шаҳрҳои кӯҳна, ки испаниҳо онҳоро бунёд карда буданд, қалъаҳо ва дайрҳо бар биноҳои дигар ҳукмронӣ мекарданд; аммо акнун дар он шаҳрҳо низ бартарии худро аз даст дода, баъзан худашон ба меҳмонхона табдил меёфтанд.
Агарчи меҳмонхонаи қалъаи Инҷ дар посёлка бинои аз ҳама калон бошад ҳам, дар айни замон калон набуд ва ягон чизи шоёни диққат надошт. Гумон буд, ки он ба ягон услуби меъморӣ иддао кунад. Ин бинои чӯбине буда, шакли ҳарфи «Т»-ро дошт, ки аз гӯлачӯбҳои тарошида сохта шуда буд. Дарозии биноро ҳуҷраҳои мусофирнишин банд карда буданд, қисми кӯндаланги он як бинои калонро ташкил медод, ки дар он буфет, ё чӣ тавре ки дар Америка меномиданд, бар1 воқеъ гардида буд. Дар ин ҷо менӯшиданд, тамоку мекашиданд ва шарм накарда, ба рӯи фарши он туф мекарданд.
Дар назди даромадгоҳи меҳмонхона ба дарахти тӯси нӯкаш арракарда лавҳае алвонҷ мехӯрд, ки аз ҳарду тарафаш қаҳрамони дар ин кишварҳо шӯҳрат ёфта,— генерал Захарий Тейлор2 акс ёфта буд. Дар зери расм — номи меҳмонхона: «Роҳатфизо» навишта шуда буд.
Агар шумо ягон вақт дар штатҳои Ҷанубӣ ё худ Ҷанубӣ-Ғарбӣ саёҳат карда бошед, ба шумо буфетро тасвир намудан ҳочат нест. Дар он сурат ҳеҷ чиз бари меҳмонхонаеро, ки шумо, аз бетолей қарор гирифтаед, аз хотиратон намебарорад. Деворча ба дарозии хона ба қади девор кашида шуда, дар болояш рафчаҳо намудоранд, дар рафҳо машраба ва шишаҳое меистанд, ки на фақат моеи ранги ба ранг доранд, балки тобиши рангҳои онҳо ба якдигар муносибанд. Дар паси ҳамин деворча ҷавони озодае — соҳиби бар рафтуомад мекунад: мабодо ӯро майхоначӣ ном набаред, ки бо шиша зада сию ду дан-
1 Бар — майхона.
2 Захарий Тейлор (1786—1850)— генерали американӣ, ки дар ҷангҳои муқобили Мексика (1846—1848) иштирок карда буд. Баъд президенти ШМА интихоб гардид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо