Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
дид. Вай аспашро чорнаъл давонд ва ба зудӣ чунон наздик омад, ки ӯро чеғ задан мумкин буд.
Ӯ фақат вақти аз корвон гузаштан лаҷоми аспашро кашид ва ба плантатору ҳамроҳонаш наздик шуд.
— Мексикои, — ба сару либоси марди ношинос нигариста, пичиррос зад Генри.
— Боз беҳтар, — ҳамчунон бо овози паст ба ӯ ҷавоб дод падараш. — Дар он сурат яқин ӯ роҳро медонад.
— Ба ғайр аз сару либос ягон чояш ба мексикои монанд не, — ғур-ғур кард Колҳун. — Ман ҳозир мефаҳмам... Buenos dias, covallero! Esto Vuestra Mexicano! (Салом, кабальеро! Шумо мексикои мебошед?)
— Оҳ, не, — табассумкунон ҷавоб дод ӯ. — Ман мексикои нестам. Агар хоҳед ман бо забони испанӣ ҳам бо шумо гап зада метавонам, вале, ба фикрам, агар мо бо забони англисӣ гап занем, шумо гапи маро нағзтар мефаҳмед — охир ин забони модарии шумост? Ҳамту не?
Колҳун фикр кард, ки дар ҷумлаи худ ягон хато содир намуд ё худ калимаҳоро дуруст талаффуз карда натавонист, бинобар ҳамин аз ҷавоб худдорӣ кард.
— Мо америконем, сэр, — ҷавоб дод Пойндекстер, ки ифтихори миллии ӯ аз оҳанги гапзании марди ношинос таҳқир дида буд. Баъд шахсеро, ки аз ӯ мунтазири ёрӣ буд, мабодо наранҷонам гуфта илова намуд: — Оре, сэр, мо ҳамаамон американӣ ҳастем, аз Штатҳои ҷанубӣ.
— Инро аз рӯи ҳамсафаратон бо осонӣ муайян кардан мумкин, — ба тарафи зангиҳои гулом нигариста бо лабҳанди ба зӯр ҳисшавандаи таҳқиромез гуфт савора. — Инчунин, — илова намуд ӯ, — бо осонӣ дидан мумкин, ки бори аввал ба сафари дашти васеъ баромадаед. Шумо роҳро гум кардед?
— Ҳа, сэр, агар шумо лутфу марҳамат намуда ба мо ёрӣ надиҳед, ҳеҷ умеди ёфтани он нест.
— Ин кироӣ сипогузорӣ намекунад! Вақти аз дашт гузашта рафтанам тамоман нохост изи шуморо дида мондам. Фаҳмидам, ки шумо роҳро гум кардаед ва ба ин сӯ асп тозонда омадам, ки ба шумо ёрӣ диҳам.
— Марҳамати шумо зиёд. Мо аз шумо хеле миннатдорем, сэр. Номи ман Пойндекстер — Вудли Пойндекстер аз Луизиана. Ман дар соҳили Леопа, наздикии қалъаи Инч мулк харидаам. Мо умед доштем, ки ба равшанӣ ба он ҷо рафта расем. Шумо чӣ фикр мекунед, мо рафта мерасем?
— Бешубҳа. Ба шарте, ки ба маслиҳати ман гӯш кунед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё