Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Инро гуфта марди ношинос чанде дур рафта истод. Ба назар чунин менамуд, ки ӯ маҳалро омӯхта, муайян карда истодааст, ки мусофирон бояд ба кадом тараф ҳаракат кунанд.

Аспу саворагӣ дар нӯги тал шахшуда монда ба аксе монанд буданд, ки шоистаи тасвир мебошанд.

Аспи туруки хушзот — ҳатто шайхи араб аз савории ин хел асп шарм намекард! — синаи васеъ, пойҳои мисли най рост, сағраи азим ва думи хеле хуби ғафс дошт. Ба асп ҷавони тахмин биступанҷсола савор буд, ки рехти ҷуссаву қоматаш хеле зебо, хатҳои рӯяш мутаносиб буда, дар тан сару либоси зебои ранчеро¹: нимтанами маҳмалӣ, шими паҳлӯҳояш ресмон гузаронида шуда, дар пой аз пӯсти гови ёбӣ мӯза ва маҳмезҳои вазнин дошт; гарданбанди шоҳии рангаш сурхи баланд гирди миёнашро печонида гирифта буд; бар сар кулоҳи сиёҳи ялтоқӣ дошт, ки канораи калобатуни ӯро зиннат медод. Чун ин савораеро, ки чули аспаш чарминӣ нақш андохта буда, ба чули конквистадорҳо, ки болои аспонашонро мепӯшиданд, монандӣ дошта ба зини чуқури услуби мавританӣ ва кораш мексикой нишастааст, ба худ тасаввур намоед. Ҳамин гуна кабальероро ба худ тасаввур кунед — ва дар пеши назаратон ҳамон шахсе намоён мегардад, ки плантатор ва ҳамсафаронаш ба ӯ менигаристанд.

Аз паси пардаи карета ба савора чашмоне менигаристанд, ки эҳсоси махсусеро ошкор мекарданд. Луиза Пойндекстер бори аввал дар умраш шахсеро дид, ки ба назараш вай муҷассамаи реалияи қаҳрамони орзую хаёлҳои айёми духтари ӯ буд. Агар марди ношинос мефаҳмид, ки ӯ дар қалби креолдухтари ҷавон чӣ гуна ҳаяҷону изтироб ба вуҷуд овард, дилхуш мегардид.

Вале ӯ инро чӣ тавр фаҳмида метавонист? Ӯ ҳатто гумон намекард, ки духтар вуҷуд дорад. Марди ношинос ба каретаи пургарду чанг назари сатҳие партофт, — одатан ба гӯшмоҳии баднамо ҳамин тавр нимнигоҳе карда, гумон намебарӣ, ки андарӯни вай дурдонаи қиматбаҳо пинҳон аст.

— Ба шарафам қасам! — ба сӯи соҳиби корвон рӯ оварда гуфт савора.— Ман ягон нишонае намебинам, ки он то ҷои даркориатон рафта расидан ба шумо ёрдам кунад. Вале ман роҳи ин ҷойро медонам. Панҷ миль поинтар аз қалъа аз дарёи Леона гузаштатон лозим меояд ва азбаски худам ба ҳамон гузаргоҳ меравам, шумо метавонед изи аспи маро гирифта биёд. Хайр, ҷанобон!

¹ Ранчеро — чорводор.

пешина
аз 509
навбатӣ