Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Онҳо аллакай ду маротиба дар чакалакзори пушти боғ мулоқот карданд. Дар равшании жилвизанандаи ситорагон ду маротиба савганди ошиқона хӯрданд. Онҳо доир ба мулоқоти сеюм аҳду паймон карданд.
Вале плантатор, ки бо духтари худ ниҳоят мефахрид, заррае ҳам гумон намекард, ки Луиза ӯро бераҳмона фириб медиҳад. Духтари вай, духтари яккаву ягонааш, асилзодаи бовиқор, соҳибҷамол ва заковатманд, ки метавонист ҳамнаслу насабашро ёбад, шикорчии оддии аспони ёбоиро дӯст медорад! Агар ин дар хобаш медаромад, ӯ ҳамчун аз овози дӯҳуле, ки аз расидани рӯзи қиёмат хабар диҳад, аз бистари мулоими худ часта мехест. Ӯ заррае ҳам гумонбар нашуда буд. Ҳамаи ин ниҳоят ғайриҳақиқӣ, бағоят даҳшатнок буд. Ва агар ҳамин гуна фикр дар дили плантатор пайдо мешуд, духтараш ба назараш ношоиста менамуд.
Пойиндекстер аз он фармонбардории ҳалимонае, ки духтараш охирин қадағнкунии ӯро қабул карда буд, розӣ буд. Рости гап, бароиш гуворотар мебуд, агар Луиза хоҳиши ӯро аниқтар иҷро мекард ва аз сайру гашти дашт тамоман сар намепечид, вале ҳар замон ҳамроҳи додараш ё бачаи аммааш мерафт. Луиза то ҳол ба ин розӣ намешуд, ӯ бошад исрор намекард. Плантатор бо ҷону дил ба панҷиқиҳои ӯ гузашт мекард. Охир то дами дар хона будани Луиза ҳеҷ гуна овозаҳои нави дурӯғ паҳн нахоҳанд шуд. Гапдароии Луиза ба андозае ғазаби плантаторро фурӯ нишонда буд, ки ӯ қариб ба ин қадағнкунии худ афсӯс мехӯрд. Пойиндекстер ором гардида, акнун дар фикре буд, ки онро бекор кунад.
Яке аз он моҳтобишабҳое буд, ки онҳо танҳо дар ҷануб мешаванд; чунон шабе, ки курсӣ нуқрафоми моҳ дар осмони кабуди ёкутранг ҳамвор шино мекунад, кӯҳҳо бошанд дар ҳавои беғубор чунон барҷало намудор мебошанд, ки гӯё даст дароз кунӣ ба онҳо мерасад; шабе ки боди серун ором мегардад ва баргҳои калони дарахтони тропикӣ, гӯё ба хори аҷиби овозҳои шабонаи даррандагон, паррандагон, хазандагон ва ҳашарот гӯш дода, аз ҳаракат мемонанд.
Ин чунин шабе буд, ки кас мехоҳад ҳамроҳ бо он ягона маҳбубу дилдодаи худ, ки бо кадом-як ҳукми пурасрори табиат дили шуморо рабудааст, сайру гашт кунад, дар сурате ки шумо орзу менамоед, ки дастони сафед ба гардани шумо ҳалқа шаванд

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо