Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ванд ва чашмони зебо бо ҳамон намуди пурҳаяҷон, ки дар равшании асрорангези моҳ аз ҳама азизтар менамоянд, ба шумо нигаранд...
Садои наққораи пиёдагардон ва шайпури сарбозони савора кайҳо аз он хабар медоданд, ки вақти хоби гарнизони қалъаи Инҷ шудааст. Ҳулласи калом, қариб нисфи шаб буд, ки саворе аз назди меҳмонхонаи Обердофер ба роҳ баромад. Ӯ ба роҳи қад-қади Леона равон шуд ва дере нагузашта аз посёлқа хеле дур рафт.
Чӣ тавре ки аллакай гуфта шуд, ин роҳ дар соҳили муқобил аз назди осиёи Каса-дель-Корво мегузашт. Инчунин зикр карда шуд, ки ин роҳ минтақаи дашти урёнро, ки дар он ҷо чакалакзори на чандон калоне воқеъ гардида буд, бурида мегузашт.
Ин ягона тӯдаи дарахтони таку танҳо, яке аз он тӯдаҳое буд, ки бошандагони дашт онҳоро ҷазирачаҳои беша меноманд ва он дар канори роҳ воқеъ гардида буд, ки савораи навакак аз посёлқа баромада асп давонда мерафт.
Савора ба чакалакзор расида, ҷаста аз асп фуромад ва ӯро ба дарахт баст. Баъд лассоро аз қоши зин гирифт ва ҳалқа карда ба дасташ гузарону хомӯшона аз байни чакалакзор гузашта, ба дарё наздик шуд.
Пеш аз он ки аз паноҳи сояи ғафси дарахтон барояд, ӯ саволомез ба осмон ва ба моҳи тобон нигарист. Дар нигоҳи вай ҳаяҷону изтироб падидор гашт.
— Фурӯ рафтани ин нозанинро мунтазир шуда истодан нафъ надорад, — парешонхотирона гур-гур карда гуфт ӯ. — Дида мешавад, ки то пагоҳ ғуруб кардани нест.
Баъд вай ба ҷои холие, ки дар байни ӯ ва дарё воқеъ гардида буд, назар андохт. Дар соҳили муқобил осиёи Каса-дель-Корво сиёҳӣ мекард.
— Агар ҳозир дар он ҷо ягон кас нахобида бошад-чӣ?... Гумон аст, ки дар чунин бевақтӣ ин ҳамин тавр бошад. Албатта, агар ягон касро виҷдони нопокаш азоб диҳад... Ваҳ! Охир дар он ҷо ҳамин гуна одам ҳаст! Агар ӯ нахобида бошад, яқин маро мебинад. Агар ин фақат ба ман дахл медошт, ман ягон қадар парво намекардам. Чӣ бояд кард? Таваккал кардан лозим — дигар илоҷ нест. Моҳ пас аз якчанд соат фурӯ меравад, дар осмон бошад як порча абр нест. Ман наметавонам, ки Луизаро чашм дар роҳ кунам. Дигар чора нест, ҳар чӣ бодо бод!
Вай ин суханонро гуфта зуд, вале бо эҳтиёт ҷои урёнро миёнбур кард ва ба соҳили сарозери дарё наздик шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо