Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Онҳое, ки наздик кор мекарданд, дар пеши кулбаҳои худ ба рӯи алаф ё ба рӯи ғӯлаҷӯхҳо нишаста, ба таомхӯрӣ сар карданд.

Аҳли оилаи плантатор дар ошхона ҷамъ шуда, ба сари миз нишастанӣ буданд, вале маълум шуд, ки ҳанӯз ҳама наомадааст.

Генри набуд.

Аввал ба ин аҳамият надоданд ва ҳама нигарон буданд, ки ӯ ҳамин замон омада мемонад...

Лекин аз байни якчанд дақиқа гузашта бошад ҳам, аз Генри дарак набуд. Плантатор андаке тааҷҷӯкунон гуфт, ки писараш одати ба сари дастурхон қафомонӣ надошт.

Дар ҷануби ғарбии Америка расме ҳаст, ки аҳли оила дар соати муайян ба ношто ҷамъ мешаванд ва ҳама баробар ба паси миз менишинанд. Ин расму таомул вобаста ба баъзе хусусиятҳои таомхӯрии мардуми маҳаллӣ пайдо шуд. «Бисквити виргиний», вафлӣ, куймоки гречиха — ҳамаи инҳо танҳо дар гармогармиашон бомазза мебошанд.

Ва ҳангоме, ки дар хонаи таомхӯрӣ ношто мекунанд — дар назди плитаи тасфон истодан барои ошпаззанак лаҳзаи азобу шиканҷа мебошад.

Танбалоне, ки хобро дӯст медоранд ва ба ношто ақиб мемонанд, куймоки хунук насибашон мегардад, ё бе вафлӣ мемонанд, — ана барои чӣ дар плантацияҳои ҷанубӣ ин гуна танбалон каманд.

Аз ин рӯ дар ҳақиқат аҷиб намуданаш мумкин буд, ки Генри Поиндекстер ҳанӯз ба сари дастурхон ҳозир нашуда буд.

— Ба ин бача чӣ гап шуд? — ба ҳеҷ кас рӯ наоварда маротибаи чорум мепурсид падараш.

На Колхаун, на Луиза ҳеҷ чиз ҷавоб надоданд. Луиза худаш ҳам ҳамин гуна савол дод. Дар нигоҳ ва оҳанги саволаш аҷиб як чизе ҳис карда мешуд, вале фақат дар сурати бодиққат ба рӯи ӯ зеҳн мондан инро ҳис кардан мумкин буд.

Гумон буд, ки набудани додараш дар сари дастурхон сабаби ин бошад. Дар гумон ки ин гуна чизи камаҳамият ягон касро ба ташвиш андозад, аммо Луиза бошад дар ин лаҳза, бешубҳа, ниҳоят дар изтироб буд.

Аз чӣ? Ҳеҷ кас инро аз ӯ напурсид. Падар дар нигоҳи ӯ ягон чизи аҷиб надоид, алалхусус аммабачааш, ки худаш кӯшиш мекард кадом як фикри ногуворро зоҳиран дар зери парда пинҳон дорад.

Аз бозе, ки Колхаун ба хонаи хӯрокхӯрӣ даромада буд, то

пешина
аз 509
навбатӣ