Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
хол як калима гап нагуфта буд ва, бархилофи одаташ, ягон маротиба ба Луиза нанигарист.
Ӯ дар паси миз нишаста, ба таври ошкор асабонӣ мешуд ва ҳангоме ки хизматгор даромада меомад, ҳатто як ё ду бор як қад парид.
Ҷои шубҳа набуд, ки вай аз ким-чӣ бағоят ошуфта мебошад.
— Хеле аҷиб, ки Генри ба ношто дер кард, — қариб маротибан даҳум такрор кард плантатор. — Наход то ҳол хобида бошад?.. Не, Генри ҳеҷ гоҳ ин қадар бевақт намехезад. Вале агар ӯ ҳатто ба ягон ҷо баромада рафта бошад ҳам, бояд садои карнайчаро мешунид... Шояд, ӯ ба ҳар ҳол дар ҳуҷрааш бошад... Плутон!
— Ман дар ҳамин ҷо, масса Вудли! Шумо маро чеғ задед?
Ба ғайр аз вазифаи фойтунчӣ, ба зиммаи Плутон боз вазифаи дастархончӣ гузошта шуда буд.
— Ба ҳуҷраи Генри рав у агар дар ҳамон ҷо бошад гӯй, ки мо аллакай ношторо тамом карда истодаем.
— Вай дар ҳуҷрааш нест, масса Вудли.
— Магар ҳуҷраашро хабар гирифтӣ?
— Ҳа... не, ман гуфтанӣ будам ки — не. Ман ба ҳуҷрааш нарафтам, вале дар аспхона будам — хостам аспонро ем диҳам, масса Вудли. Асп пагоҳӣ боз дар он ҷо нест — ман баробари субҳ дамидан хеста будам. Ҳам зин нест, ҳам лаҷом нест, ҳам масса Генри нест. Вақти ҳама хоб будан савор шуда рафтааст.
— Ту ба ин боварӣ дорӣ? — пурсид плантатор, ки аз ин хел хабар ба таври ҷиддӣ ба изтироб афтида буд.
— Набошад чӣ, масса Вудли! Дар аспхона фақат аспи масса Колҳаун истодааст. Мустанги гули бодом дар кура тохта гаштааст, аспи сиёҳмушкини масса Генри дар ҳеҷ куҷо наменамояд.
— Ин ҳанӯз маънии онро надорад, ки мистер Генри дар хонааш нест. Ҳозир рафта хабар гир.
— Хуб шудааст, масса! Мебинед, ки Плутон дуруст мегӯяд. Ҷентлмени ҷавон дар он ҷо нест. Аспаш дар ҳар куҷое, ки бошад, масса Генри дар ҳамон ҷост.
— Ҳеҷ чиз намефаҳмам... — гуфт плантатор вақте ки Плутон аз хона баромад. — Генри баромада рафтааст ва он ҳам шабона. Ба куҷо рафта бошад? Ба худ тасаввур карда наметавонам, ки дар ин бевақтӣ ба назди кӣ мерафта бошад. Аз рӯи гуфти зангӣ вай шаби дароз набудааст. Эҳтимол, ҳамроҳи ҷавонон дар қалъа будааст. Умедворам, ки дар бар не...
— Оҳ не, ӯ албатта ба он ҷо намеравад, — ба гап ҳамроҳ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо