Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳар он чӣ ки онҳо диданд, фақат

шуд Колхаун, ки гӯё аз худи плантатор камтар ҳайратзада набуд. Аммо вай ҳеҷ гуна фарзу тахмин нагуфт ва доир ба воқеае, ки дар боғ рӯй дода буд, даҳан накушод.

«Умедворам, ки Кассий аз ин воқеа хабар надорад, — аз фикр гузаронид Луиза. — Агар ҳамин тавр бошад, ҳамааш дар байни ману додарам махфӣ мемонад. Ман ҳама вақт Генриро ба гап дароварда метавонам... Вале чаро то ҳол аз ӯ дарак нест? Шаби дароз нахобида ӯро маҳтал шуда баромадам. Шояд, ӯ Морисро дарёфт карда, онҳо бародархонд шуда бошанд. Умедворам, ки ин ҳамин тавр аст, агарчӣ ҷон сулҳу оштии онҳо бар шуданаш мумкин. Генри хеле ботаҳаммул аст, вале бо таъсири ин гуна таассурот одати худро тағйир доданаш мумкин. Ва барои ин ӯро маломат кардан лозим нест, алалхусус дар чунин ҳамбошӣ бо вай ҳеҷ воқеа рӯй намедиҳад.

Агар даромада омадани Плутон фикру хаёли Луизаро намебурид, гуфтан душвор буд, ки он ба куҷоҳо бурда мерасонд.

Намуди вай чунон ҷиддӣ буд, ки гӯё кадом як воқеаи хеле муҳимро гуфтан мехост.

— Хӯш, — ӯро гап заданӣ намонда фарёд зад плантатор, — дар ҳамон ҷост?

пешина
аз 509
навбатӣ