Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Ба зудӣ саворон диданд, ки яке аз пайгирҳо, ки пеш-пеш пиёда мерафт, дар доманаи беша истода онҳоро мунтазир аст.
— Чӣ гап шуд? — аз дигарон пеш гузашта ва ба ӯ наздик рафта пурсид майор. — Из?
— Ҳа, майор ва изи бисёр. Ба ин ҷо нигоҳ кунед! Ана ба ин ҷое, ки замин мулоим аст, мебинед?
— Изи суми асп.
— Ду асп, майор, — бо эҳтиром гапи майорро ислоҳ карда гуфт пайгир.
— Дуруст, изи суми ду асп.
— Он тарафтар гӯё изи чор сум, вале онҳо изи ҳамон ду асп мебошанд. Онҳо аввал бо ҳамин пайраҳа боло рафтаанд ва баъд ба қафо баргаштаанд.
— Нағз, Спенглер. Ту дар ин бора чӣ мегӯй?
— Ман бо пайраҳа дур нарафтам ва бисёр чизҳо сарбаста мемонанд, — ҷавоб дод Спенглер, ки дар қалъа разведкачӣ шуда хизмат мекард, — вале бо вуҷуди ин яқин дар ҳамин ҷо одам куштаанд.
— Чӣ гуна далелҳо дорӣ? Магар ҷасадрод ёфтӣ?
— Не.
— Набошад чӣ ёфтӣ?
— Хун — кӯлмаки хун, гӯё он аз раги гови ёбой рехтааст.
Омада худатон бинед. Вале, — пичир-пичиркунон ба гапаш давом намуд ӯ, — агар хоҳед ки ман дурустакак изҳоро таҳқиқ кунам, ба дигарон фармоед, ки наздик наоянд. Хусусан, онҳое ки пешсафанд.
Зоҳиран, ин таъкиди вай ба плантатор ва хоҳарзодааш дахл дошт, ки пайгир бо қираи чашм ба онҳо нигарист.
— Хӯб шудааст! — ҷавоб дод майор. — Хотирҷамъ бош, Спенглер, ба ту ҳеҷ кас халал намемерасонад... Сентлменҳо! Илтимос мекунам, ки якчанд дақиқа аз ҷо начунбед. Пеш наоед, чунки Спенглер бояд пайҳоро муайян кунад. Вай фақат маро ҳамроҳаш бурда метавонад.
Фармони майор бо оҳанги пурназокати илтимос дода шуда буд, зеро ӯ бо одамоне гап мезад, ки онҳо бевосита ба вай итоат намекарданд. Вале ҳама беқилу қол ин супоришро иҷро карда, дар ҷойҳои худ истоданд, дар сурате ки худи майор аз паси разведкачӣ равон шуд.
Спенглер аспакӣ тахмин панҷоҳ қадам тай карда истод.
— Дидед, майор? — ба замин нишон дода гуфт ӯ.
— Кӯр ҳам инро мебинад, — ҷавоб дод майор. — Кӯлмаки хун ва гапи ту дуруст — чунон калон ки гумон кардан мумкин

пешина
аз 509
навбатӣ