Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
дар ин ҷо гови даштиро куштаанд. Агар ин хуни одам бошад, ҷои шубҳа нест, ки ӯ аллакай дар қайди ҳаёт нест.
— То тира шудани хун ӯ ҷон додааст,— гуфт пайгир.
— Ба фикри ту, Спенглер, ин хуни кист?
— Ин хуни ҳамон касест, ки мо мекобемаш: писари плантатори пир. Бинобар ҳамин ман нахостам, ки ӯ бо мо биёяд.
— Ба фикри ман, ҳақиқатро аз ӯ руст кардан лозим нест. Аздусар имрӯз набошад, фардо, фардо набошад, пасфардо ӯ инро мефаҳмад.
— Гапатон дуруст, майор. Вале ба ҳар ҳол мо бояд аниқ кунем, ки ҷавонро чӣ тавр куштаанд, ана ба ҳаминаш ман сарфаҳм рафта наметавонам.
— Сарфаҳм рафта наметавонӣ? Албатта, ӯро ҳиндуҳо куштаанд! Охир ӯро команчиҳо куштаанд?
— Ҳар кас бошад ҳам, ҳиндуҳо не,— дилпурона ҷавоб дод пайгир.
— Чаро ту ин тавр фикр мекунӣ, Спенглер?
— Агар ҳиндуҳо ба ин ҷо меомаданд, мо изи суми ду асп не, балки изи суми чал аспро меёфтем.
— Ин гапат дуруст. Гумон аст, ки команчиҳо таваккал карда танҳо-танҳо дарафтанд.
— Майор, ягон команчӣ ва умуман аз ҳиндуҳо ягон кас ин корро накардааст. Дар пайраҳа фақат изи суми ду асп намудор аст. Мебинед, ин изи наъл, ҳамин изҳо гашта қафо рафтаанд. Аспони команчиҳо наъл надоранд, магар фақат дуздӣ набошанд. Савори ҳар ду асп ҳам сурхпӯст не, балки сафедпӯст будааст. Як катори изҳо изи суми мустанги калон буда, қатори дуюм изи аспи зоти америкой мебошад. Вақти ба тарафи ғарб рафтани онҳо мустанг пеш-пеш мерафтааст, инро аз рӯи он муайян кардан мумкин, ки изи вайро изи дигар зер кардааст. Дар бозгашт аспи зоти америкой пеш буда, мустанг аз паси вай меомадааст; вале ҳоло гуфтан душвор аст, ки як савора аз паси саворани дигар дар кадом масофа меомадааст. Агар мо ба ҷое, ки ҳардуи онҳо ба қафо баргаштаанд, равем, эҳтимол, фаҳмидан осонтар шавад. Ин бояд наздик бошад.
— Хуб шудааст, ба ҳамон ҷо меравем,— гуфт майор.— Ман ҳозир супориш диҳам, ки ҳеҷ кас аз паси мо наояд.
Майор барои он ки ҳама шунавад, бо овози баланд супориш дода, аз паси Спенглер равон шуд.
Изҳо қариб дар масофаи чорсад ярд намоён буданд; вале майор онҳоро фақат дар ҷои заминаш мулоим — дар сояи дарахтон фарқ карда метавонист. Пайгир гуфт, ки тахминаш тасдиқ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо