Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Вале ҳиндуҳо ба ин ҷо наомадаанд — ягон нафар сурхпӯст наомадааст. Ба гапам бовар кунед, майор, ки аз ин савораҳо яке дигарашро паррондааст. Вале бо ҷасад чӣ кор кардааст, инашро намедонам! Ва, эҳтимол, танҳо худи ӯ инро гуфта метавонад.
— Фавқулодда аҷиб! — хитоб намуд майор. — Фавқулодда пурасрор!
— Шояд, ҳоло кушодани ин асрор ба мо муяссар гардад, — ба гапаш давом намуд Спенглер. — Изи аспонро ёфтан лозим, ки пас аз содир шудани ҷиноят онҳо ба кадом тараф тохта рафтанд. Шояд, донистани ягон чиз муяссар гардад... Дар ин ҷо дигар ҳеҷ корамон намонд. Биёед қафо мегардем, майор. Ба ӯ гуфтан лозим?
— Ба мистер Пойндекстер?
— Ҳа.
— Боварӣ дорӣ, ки мақтул писари ӯст?
— Не! Инро ман тасдиқ карда наметавонам. Ман фақат ба он боварӣ дорам, ки пирамард Пойндекстер савори яке аз он ду асп, ки шоҳиди ҷиноят буданд, — савори аспи зоти америкой ба ин ҷо меояд. Ман изҳоро муқоиса кардам. Ва агар Пойндекстери ҷавон маҳз савори ҳамин асп будааст, дар он сурат ба зинда дидани ӯ умед кам аст. Хеле шубҳаомез аст, ки савораи дуюм аз паси ӯ рафтааст.
— Спенглер, ҳеҷ тахмин намекунӣ, ки савори дуюм кист?
— Ҳеҷ. Агар нақли пирамард Доффер намешуд, ҳеҷ гоҳ Морис-мустангер ба хотирам намеомад. Рости гап, ин изи мустанги наҷилдор аст, вале ман зомин шуда наметонам, ки ин маҳз мустанги ӯст. Дар гумон... ҷавони ирландӣ, рости гап, ба озор тоб намеорад, вале, ба назарам, ӯ аз он одамоне нест, ки рустӣ ба сӯи одам тир холӣ кунад.
— Ба фикрам, гапат дуруст.
— Агар Пойндекстери ҷавон кушта шуда бошад ва ӯро Морис Чералд кушта бошад, дар байни онҳо, эҳтимол, ҷанги тан ба тани ҳалол рӯӣ додааст ва писари плантатор мағлуб шудааст. Ман инро ҳамин тавр мефаҳмам. Вале ғоиб шудани ҷасад — ягон одам ду кварта 1 хунро талаф дода зинда намемонад — маро гаранг мекунад. Изҳоро гирифта рафтан лозим. Шояд, онҳо моро ба ҳалли муаммо бурда расонанд... Фикрамро ба пирамард гӯям?
— Не, зоҳиран, нафъ надорад. Ӯ аллакай ба қадри кифоя
1 Кварта — 2,14 литр.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо