Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

гардид: ба самти ғарб мустанг пеш-пеш мерафтааст ва дар бозгашт аз қафои аспи зоти америкой меомадааст.
Аз ҳамин ҷо он тараф из дида намешуд; дар ҳамин ҷо ҳар ду асп ба ақиб баргашта буданд.
Пеш аз он ки ба қафо равон шаванд, онҳо як муддат дар зери сафедори азим истодаанд. Замини атроф, ки тамоман бо суми аспон кофта шуда буд, ба таври равшан аз ин шаҳодат медод.
Спенглер аз асп пиёда шуда, бо диққат ба омӯхтани изҳо шӯрӯъ кард.
— Онҳо дар ин ҷо ҳамроҳ будаанд, — заминро аз назар гузаронида пас аз чанд дақиқа гуфт ӯ. — Ва анҷа вақт истодаанд.
Вале ҳардуяшон бар зин нишаста, оромона гап задаанд. Ин .
корро боз бештар чигил мекунад. Бояд баъд гапашон гурехта бошад...
— Агар рост гӯй, Спенглер, ту ҷодугари ҳақиқӣ ҳастӣ! Лутфан, гӯй ки ҳамаи инро чӣ тавр фаҳмидӣ?
— Аз рӯи из майор, аз рӯи из! Ин хеле осон. Дида истодаам, ки изҳо ҷо-ҷо якдигарро зер мекунанд. Пас, аспон дар ин ҷо дар як вақт ҳамроҳ будаанд, вале онҳо ором наистода, пой кӯфтаанд. Саворон дар ин ҷо хеле бисёр истодаанд — як сигориро кашида тамом кардаанд. Ана пасмонҳои сигорҳояшон.
Бо тамокуе, ки аз сигорҳои онҳо мондааст, як чубук пур намешавад.
Пайгир ҳам шуда, пасмонраи сигорро гирифта ба майор дод.
— Бинобар ҳамин, — ба гапаш давом намуд пайгир, — ман ба қароре омадам, ки саворон ба ҳамдигар адоват надоштаанд.
Дар сурате, ки одамон пас аз як дақиқа гулӯи якдигарро буридани ё каллаи ҳамдигарро зада мачак карданианд, истода ҳамроҳ тамоку намекашанд. Муносиба ҳафақат пас аз он рӯй додааст, ки сигорҳо кашида шудаанд. Ҳамин тавр ҳам шудааст, ки ман ба ин шубҳа намекунам. Ва яке аз онҳо кори дигарашро кардааст — чӣ тавре ки ба зин нишастани шумо дуруст бошад, ин ҳамон тавр дуруст аст. Кӣ ҳалок гардидааст — сарфаҳм рафтан душвор нест. Мистер Пойндекстери бечора дигар ҳеҷ гоҳ писарашро намебинад!
— Ҳамаи ин хеле асроромез, — гуфт майор.
— Ҳа, сабил монад!
— Вале ҷасад куҷо шуданаш мумкин?
— Ман ҳам дар ҳамин масъала майна об карда истодаам.
Агар ҳиндуҳо мекуштанд, аз нобуд шудани ҷасад ман ягон кадар тааҷҷуб намекардам. Онҳо ӯро бо худ бурданашон мумкин.

пешина
аз 509
навбатӣ