Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Боби IV

ГИРДБОДИ СИЁҲ

Луиза мисли ҷодушудагон дар қайди орзую хаёлҳои ширини худ менишаст. Ӯ бо ангуштони маҳини худ ҳарду чаккаашро мефишурд ва гӯё қуввати рӯҳу равонаш ба он нигаронида шуда буд, ки гузаштаро фаҳмад ва ояндаро эҳсос намояд.

Аммо дере нагузашта, риштаи фикру хаёлоташ бурида шуд. Овозҳое ба гӯшаш расиданд, ки дар онҳо ҳаяҷону изтироб ҳис карда мешуд.

Луиза овози пурташвиши бародарашро шунид, ки мегуфт:
— Дада, нигоҳ кун! Магар онҳоро намебинӣ?
— Дар куҷо, Генри, дар куҷо?
— Дар он ҷо, дар паси фургонҳо... Акнун дидӣ?
— Ҳа, ким-чиро мебинам, аммо намефаҳмам, ки чӣ бошад. Афташон мисли... — Пойндекстер дақиқае ҳайрону гаранг шуд.— Рости гап, намефаҳмам, ки чӣ бошад...

— Гирдбоди баҳрӣ? — ин ҳодисаи аҷибро дида гуфт Колхаун ва қадру манзалати худро ба дараҷае паст кард, ки омада ба касони дар назди карета ҷамъшуда ҳамроҳ шуд.

— Аммо ин ҳеҷ мумкин нест — мо аз баҳр хеле дур мебошем. Ман ҳеҷ гоҳ нашунида будам, ки гирдбоди баҳрӣ вазида ба дашт меомада бошад.

— Ҳар хеле ки набошад, онҳо ҳаракат мекунанд,— гуфт Генри.— Нигоҳ кунед! Онҳо ба якдигар наздик шуда, боз аз ҳам дур мешаванд. Агар ҳамин набошад, онҳоро сутуни ёдбуди сиёҳи мармарӣ пиндоштан мумкин.

— Девпайкар ё худ иблисонанд! — хандида гуфт Колхаун.— Ғуломи афсонавианд, ки дар ин саҳрои мудҳиш ба сайругашт баромадаанд.

Колхаун зӯр ба зӯракӣ шӯхӣ мекард. Дигарон барин ӯро як ҳисси пурандӯҳи қабл аз вуқӯъ сахт азоб медод.

Ва ҳеҷ ҷои тааҷҷуб набуд.
Аз самти шимолӣ бар болои дашт нохост якчанд сутуни сип-сиёҳ пайдо шуда, ки онҳо тахмин даҳто буданд. Аз мусофирон ягон кас пеш ҳеҷ гоҳ монанд ба ин чизеро надида буд. Ин сутунҳои азим гоҳ бе ҳаракат меистоданд, гоҳ рӯ-рӯи замини сӯхта мисли девпайкарони конкибоз лағжида пеш меомаданд ва гӯё ин ҳаракати онҳо ягон рақси аҷиби хаёлӣ бошад, хаму рост ва ба сӯи якдигар моил мешуданд. Ҳаюлоҳои афсонавиро ба

пешина
аз 509
навбатӣ