Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

худ тасаввур кунед, ки дар дашти Техас зинда шудаанд ва дар базми серталотӯб девонавор мерақсанд.

Қомилан табиист, ки мусофирон чун ин воқеаи ҳайратангези то ин дам барояшон номаълумро диданд, онҳоро воҳима зер кард. Ҳама боварӣ доштанд, ки офати табиӣ пеш омада истодааст.

Баробари пайдо шудани ин ҷуссаҳои асрорангез корвон
истод; зангиҳои пиёда аробакашон барин аз даҳшат якбора
фарёд заданд; аспон аз воҳима ба ларза афтода, шиҳа кашиданд; хачирон ба таври гӯшкаркунанда наъра заданд

Аз тарафи манораҳои сиёҳ садои ким-чи хел ғул-ғул ба гӯш мерасид, ки ба шавкуни шаршара монанд буд ва вақт-вақт гӯё онро карс-карси тири туфанг ё гулдурроси дури барк қатъ мекунанд.

Садои гулгула торафт баланд ва возеҳтар мешуд. Хатари номаълум то рафт наздик меомад.

Мусофирон аз даҳшат карахт шуда монданд, аҳволи Колхаун аз онҳо беҳтар набуд — ӯ акнун ёрои шӯхӣ кардан надошт. Ҳама чашмон ба абрҳои тира, ки якзайл рӯи осмонро мепӯшиданд ва ба азаматҳои сиёҳ, ки гӯё барои маҷак кардани мусофирон наздик меомаданд, дӯхта шуданд.

Дар ҳамин лаҳзаи азиятдиҳанда нохост аз тарафи мухолиф садои фарёд баланд гардид ва агарчи дар он ҳаяҷону изтироб ҳис карда шавад ҳам, ба ҳар ҳол он садо бо худ таскину тасалло меовард.

Мусофирон баргашта савораеро диданд, ки бо суръати ҳарчи тамоми асп тозонда меомад.

Асп кир барин сип-сиёҳ ва рӯю андоми савора низ ба вай ҳамранг буд. Аммо, сарфи назар аз ин, ӯро шинохтанд: ин ҳамон марди носиносе буд, ки онҳо изи ӯро гирифта мерафтанд.

Якумин шуда ӯро духтари каретасавор шинохт.

— Ба пеш! — ба корвон наздик шуда фарёд зад марди носинос. — Ба пеш, ба пеш! Ҳар қадар ки метавонед, тезтар ҳай кунед...

— Ин худаш чӣ? — дасту по гум карда пурсид плантатор, ки ӯро воҳима зер карда буд. — Ҷони мо дар хатар аст?

— Ҳа. Вақте ки шуморо монда мерафтам, инро нигаронии набудам. Ба лаби дарё расидан пас, ман аломатҳои даҳшатангезро дидам.

— Чиро, сэр?

— Гирдбодро.

— Шумо тӯфонро ҳамин тавр меномед?

пешина
аз 509
навбатӣ