Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Вале ҳоло ӯ наменамояд. Нишебӣ мисли водии дарё, ки дарахтон ба он соя афкандаанд, ғарқи торикӣ гардидааст ва фақат дар шафати ҳамон ҷое, ки котилон руст шудаанд, хати борики рӯшноии моҳ хобидааст. Аммо пайраха аз он ҷо намегузарад. Савора маҷбур аст, ки аз сояи сарв гузарад.

— Ӯро накушед! — бо оҳанги фармонфармоёна пичиррос мезанад Мигуэль Диас.— Барои ман як-ду соат зинда буданаш лозим. Сабабаш ҳаст. Ӯ ва аспашро дастгир кунед. Ин хавфнок не — охир мо ногаҳон ҳамла меорем ва ӯро дар ғафлат мегирем. Агар ӯ муқобилат нишон додани шавад, мепарронем. Аввал ман тир холӣ мекунам.

Ҳамроҳонаш ваъда медиҳанд, ки ин фармонро ба ҷо меоранд.

Дере нагузашта имконияте муҳайё мегардад, ки онҳо ба ваъдаи худ самими буданашонро исбот намоянд. Шахсе, ки онҳо мунтазираш мебошанд, аллакай аз нишебӣ фуромада буд ва ба сояи дарахти сарв дохил мешуд.

— Яроқатро парто! Аз асп фуро! — аз чилави ӯ дошта фарёд мезанад Эл-Койот ва он се нафари боқимонда ба савора дармеафтанд.

Савора бошад ҳеҷ муқобилат нишон намедиҳад — худро раҳо кардаӣ намешавад, даст ба қабзаи корд намебарад, тир холӣ намекунад ва ҳатто аз қаҳру ғазаб фарёд намезанад.

Дар назди онҳо саворае истодааст, ки бар зин мустаҳкам нишастааст; онҳо ба ӯ даст мерасонанд ва мисли ин ки савора чизеро ҳис намекунад.

Фақат асп муқобилат нишон медиҳад. Ӯ чароғпоя мешавад, пуштнокӣ меравад ва ҳамлакунандагонро аз пасаш ба сӯи раҳи нури моҳ мекашад.

Ё худои раҳим! Ин чист?

Мексикоиҳо чун як тан худро қафо мекашанд ва фарёдзанон рӯ ба гурез меоранд. Ин садои фарёдҷи тарсу ҳароси ғайритабиӣ мебошад.

Онҳо дигар як лаҳза дар зери сарв намеистанд — онҳо бо суръати тамоми ба гулӯгоҳи буттазор метозанд, ки аспонашон дар он ҷо баста шудаанд.

Онҳо бо шитоби пурҳаяҷон часта ба зин менишинанд ва зуд роҳи гурезро пеш мегиранд.

Чизеро ки онҳо дида буданд, дилҳои басе пуршуҷоатро ба ҳарос монанда буд: онҳо савори бесарро диданд.

пешина
аз 509
навбатӣ