Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Боби XLV
ИЗИ ГУМШУДА
Оё ин шабаҳ буд? Охир ин одам буда наметавонист.
Чунин саволро Эл-Койот ва рафиқони ба ваҳшат афтодааш ба худ медоданд. Фелими ба ҳарос офарида низ, ки пас аз чандин маротиба ба суроҳӣ рӯ овардан майнааш тамоман гиҷ гашта, то як муддат тарсу ҳаросро фаромӯш карда буд, дар ин бора ҳаминро аз худ мепурсид.
Он сад нафаре, ки ҳамроҳи майор савораи бесарро дида буданд, низ дар ҳамин бора фикр мекарданд.
Ин шабаҳи хавфнок ба равшанӣ ва дар ҷое дар пеши назари онҳо намоён гардида буд, ки панҷ миль ба шарқ наздик буд.
Ӯ аз тарафи ғарб пайдо шуда буд, — офтоб чашми онҳоро ҳира мекард; онҳо фақат тарҳи ӯро фарқ мекарданд ва ягон аломате надиданд, ки савораро ба Морис-мустангер монанд мекарда бошад.
Фелим дар ҳолате, ки пушташ ба офтоби ғуруб карда истода гардонида шуда буд, ба савораи бесар менигарист; марди ирландӣ дар байни ӯ ва хоҷааш бисёр монандӣҳо дид, агарчи боварӣ надошт, ки ин дар ҳақиқат вай мебошад.
Чор мексикой, ки аз қиёфааш Морис-мустангерро мешинохтанд, дар рӯшноии моҳ ба савораи аҷибу ғариб нигариста ба ҳамин хулоса омаданд.
Баробари дидани савораи бесар ҳам Фелим ва ҳам мексикойҳоро воҳима зер кард.
Агарчи иштироккунандагони ҷустуҷӯ аз ин зуҳуроти асрорангез то ин дараҷа наҳаросида бошанд ҳам, вале онҳо низ намедонистанд, ки инро чӣ тавр шарҳ диҳанд.
Агар эроди шӯхиомези бошандаи дерини Техасро ба ҳисоб нагирем, то дами ғоибшавии ӯ касе аз онҳо ба кофта ёфтани эзоҳ накӯшид.
— Ҷанобон, дар ин бора фикри шумо чӣ хел? — ба ҳамроҳони худ рӯ оварда пурсид майор.— Ростӣ гап, ман тамоман ҳайронам.
— Шояд найранги ҳиндуҳо бошад?! — тахмин намуд касе.— Фиреб карда моро ба дом кашиданиянд?
— Ман бошам доми намешудагӣ мегуфтам,— гуфт дигараш.— Ба ҳар ҳол маро ин хел дом ба худ ҷалб намекунад.
— Ба гумонам, ҳиндуҳо ба ин ҳеҷ дахл надоранд,— гуфт майор.— Дар ин бора ту чӣ фикр мекунӣ, Спенглер?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор