Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Оқибат мустангер тамоман аз мадор рафта, ба рӯи алаф нишаст; ғайриихтиёр ба баданаш ларза афтид, оҳи чуқур каши- ду ором гардид, мисли ин ки ҷон аз баданаш рафт.

Фелим дар болои сари ӯ бо овози баланд навҳа сар кард.
— Уллос накаш, аблаҳи лаънатӣ! — фарёд зад Зеб.— Аз як уллоси ту дилкаф шуда мурдан мумкин. Аз ҳуш рафтааст. Ӯ ҳама ҷоямро сиёҳу кабуд кард ва зоҳиран дардаш ба хайр аст... Ҳа албатта,— ба болои бемор ҳам шуда ва бо диққат ӯро аз назар гузаронида, ба гап давом намуд вай.— Ман ягон ча- роҳати хатарнок намебинам. Дуруст аст, ки зонуяш сахт варам кардааст, вале устухонаш соқ мебошад, вагарна пояшро зер карда наметавонист. Дигараш ҳеҷ гап не — харошидагӣ. Вале онҳо аз куҷо? Охир паланг-ку ба ӯ барнахӯрд. Онҳо бештар ба изи панҷаи гурбаи хонагӣ монанд. Ҳа, ҳамааш маълум! То ба ин ҷо омадани паланг ҷавон худро аз қойотҳо мудофиа карда- аст. Кӣ фикр мекард, ки ин ҳайвонҳои мурдор ҷасорат намуда, ба одам дармеафтанд! Арвоҳ занад онҳоро — агар ба мисли ин маҳюбе ба онҳо дучор ояд, ҳамла мекунанд!

Шикорчӣ худ ба худ гап мезад, чунки Фелим аз шодии он, ки хоҷааш на фақат намурдааст, балки ҳеҷ гуна хатар ӯро таҳдид намекунад, навҳаро бас кард ва бо нидоҳои хурсанди- бахш ангуштак зада, ба рақс даромад.

Ҳаяҷони хурсандонаи вай ба Тара сироят кард. Фелиму вай дукаса монанд ба яке аз усулҳои пуршури ирландӣ рақсеро иҷро мекарданд.

Зеб ба ин намоиши хандаовар аҳамият намедод; ӯ боз бар болои мустангери беҳаракат хобида ҳам шуд ва аз нав ӯро аз назар гузаронид.

Зеб Стумп чун боварӣ ҳосил кард, ки захмҳои баданаш ха- тарнок нестанд, аз ҷой хест ва ашёҳоеро, ки дар рӯи замин хобида буданд, аз назар гузаронид. Ӯ ба панамаи тобистоне, ки ҳамоно дар сари мустангер буд, назар андохт ва фикри аҷи- бе дар дилаш пайдо шуд.

Кулоҳҳои аз алафи гуакил бофташуда, ки нодуруст панама номида мешуданд, дар ин ҷойҳо камчин набуданд. Вале шикорчӣ медонист, ки ҷавон одатан сомбреро — каллапӯши тамоман хели дигар мепӯшуд. Бо вуҷуди ин, мустангер метавонист одати худро дигар кунад.

Вале ба назари Зеб чунин намуд, ки ӯ аллакай ин кулоҳро пеш дар сари ким-касе дидааст.

Ӯ ҳам шуда онро ба даст гирифт — албатта, на бо мақсади тафтиш кардан, ки он ба соҳиби наваш бо роҳи ҳалол ба даст

пешина
аз 509
навбатӣ