Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
даромадааст ё на. Ӯ мехост ҳалли ин асрор, ё худ, дурусттараш, як қатор воқеоти махфиро ёбад, ки вай бар болои онҳо бодиққат майна об мекард. Шикорчӣ ба даруни панама назар андохта, тамғаи фабрикачии кулоҳбарори дар Орлеани Нав ва унвони ба даст навиштаи «Генри Пойдекстер»-ро дид.
Акнун ӯ ба тадқиқи боронӣ машғул шуд. Дар он ҳам Стумп аломатҳоеро дид, ки азони ҳамон як шахс буданашро исбот мекард.
— Хеле аҷиб! — ғур-ғур карда гуфт пирамард ва ба замин чашм дӯхта, ғарқи фикру хаёл гардид. — Кулоҳҳо, сарҳо ва тамоми дигар чизҳо... Кулоҳҳо на бар сари соҳибонашон ва сарҳо на дар ҷойҳои худашон! Ба номи худо, дар ин ҷо ягон бало ҳаст! Агар кабудии ба таги чашми чапам шинонидаи ин ҷавонмард намебуд, шояд, ман шубҳа мекардам, ки каллай худам дар ҷояш ҳаст ё не. Ҳозир фурсати аз вай пурсидани сабаб нест, — ба Морис назар андохта илова намуд Зеб. — Фақат пас аз гузаштани вараҷа ин корро кардан мумкин. Кӣ медонад, ки он кай мегузарад?... Майлаш, — ба гап давом намуд шикорчӣ пас аз чанде таваққуф. — Дигар дар ин ҷо ҳоҷати истодан нест. Ӯро ба кулба бурдан лозим. Ӯ навишта буд, ки як қадам ҳам гузошта наметавонад. Ба як муддати кӯтоҳ бошад ҳам, фақат вараҷа ба ӯ қувват бахшида буд. Пояш боз зиёдтар варам кардааст. Ӯро бардошта бурдан дуруст меояд.
Шикорчӣ гӯё ба фикр фурӯ рафт, ки инро чӣ тавр амалӣ гардонад.
— Аздусар ин ягон тадбир андешида наметавонад, — ба Фелим, ки ҳамоно хурсандона ба Тара ким-чӣ мегуфт, назар андохта, ба гапаш давом намуд вай. — Назар ба ақли вай ақли саг расотар. Хайр майлаш. Бо вуҷуди ин ӯ бардошта мебарад — арақ карданаш дуруст меояд. Чӣ чора бояд сохт? Ӯро ба сароча хобондан лозим. Дуто хода, боронӣ ё кампале, ки Фелим ҳамроҳаш овардааст, — кифоя. Ҳа, ҳамин тавр ҳам мекунем. Сароча — ҳозир чизи аз ҳама ба мо зарур.
Акнун Фелимро ба ёрии чег зад.
Онҳо ду дарахтчаеро, ки ҳар кадомаш даҳ футӣ дарозӣ дошт, бурида, тарошиданд, баъд кӯндаланг ба онҳо ду чӯби кӯтоҳ баста, аз болояш кӯрпа, сонӣ борониро кашиданд.
Ба ҳамин тариқ сарочае ҳосил шуд, ки он шахси бемор ё мастро бардошта метавонист.
Ва иқрор шудан лозим, ки мустангер бештар ба маст монанд буд, чунки вай аз нав ба арбада сар кард ва ӯро ба сароча бастан дуруст омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор