Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ки аспсавор ба деҳаҳои Нузеси Поён, ё Леона ба тохтутоз мераванд. Ҷои тааҷҷуб нест, ки ҳайвонҳои ваҳшӣ ин ҷойҳои хилватро паногоҳи худ интихоб кардаанд. Дар ин ҷо оҳу ва бузҳои ваҳшии тарсу чунон бисёранд, ки дар сар то сари Техас дар ягон ҷо ин қадар зиёд нест. Харгӯшҳо ҳар дам ба чашм намудор мешаванд; хукҳои ваҳшӣ, хаз, юрмонҳо камтар вомехӯранд.
Паррандагони зебои гуногуранг манзараро зеботар мекунанд. Бедонаҳо болҳояшонро хишир-хиширкунон фаррос зада ба осмон мепаранд; каргасон бол назада парвоз мекунанд, мурғи марҷони ваҳшии калонҷусса дар канори бешаи чормағз синаи бошукӯҳи худро дар офтоб гарм мекунад; дар байни дарахтони акоқиёи баргҳояшон пармонанд паррандаи ҳаёт, ки бадани дароз дошта, думаш мисли микроз буда, шикорчиёни маҳаллӣ «паррандаи биҳишт» меномандаш, дам ба дам намудор шуда меистад.
Шапалакҳои гуногуранги зебо гоҳ болҳои худро калон кушода дар ҳаво парвоз мекунанд, гоҳ ба гулҳо нишаста дам мегиранд ва дар чунин лаҳзаҳо ба сони барги он мебошанд. Занбӯрони асалии калони маҳмалмонанд дар миёни буттаҳои шукуфтода виззос зада парида мегарданд ва бо колибри¹, ки дар калонӣ қариб аз онҳо монданӣ надоранд, дар болои шираи ширин талоши ҳуқуқ мекунанд.
Аммо на ҳама бошандагони ин ҷойҳои зебоманзар безарар мебошанд. Дар ин ҷо мори зангӣ ба дараҷаи калон мешавад, ки дар сар то сари Америки Шимолӣ ба ин андоза намерасад; онҳо ҳамроҳи мори боз ҳам хавфноктари мокасин дар байни алафи анбӯҳ руст мешаванд. Дар ин ҷо ғунда заҳр мезанад, қаҷдум мегазад; боиси табларзаи фалокатбор шудан аз рӯи пӯст хазида гузаштани силпо кофист.
Дар соҳилҳои серҷангали дарёҳо оцелоти чипор, пума² ва ҳамқавми азими онҳо паланг зиндагӣ мекунанд; маҳз сарҳади вусъатёбии шимолии он аз ҳамин ҷо мегузарад.
Дар доманаи бешаҳо гургони лоғари техасӣ руст шуда, ҳамеша тоқа-тоқа мегарданд ва хомӯш мебошанд, ҳамқавми вай койоти тарсончак бошад, со селан ҳамчунин худ дар даштҳои кушод такудав мекунад.
Дар худи ҳамин дашт, ки чунин даррандагони хунхӯр, дар
¹ Колибри — паррандаи бисёр хурдест, ки дар Америка мешавад.
² Оцелот ва пума (кугуар) — ҳайвонҳои ваҳшӣ аз хонадони даррандагони гурбашакл.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё