Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
такопу мебошанд, дар чарогоҳҳои сералафи он ҳайвони аз ҳама наҷиб ва зебо, аз дӯстони чорпон одам боаклтаринаш — асп чарида мегардад.
Дар ин ҷо вай ваҳшӣ ва озод зиндагӣ карда, на инҷиқиҳои одамро медонад, на бо лаҷому нухта балад аст, на бо зину абзол.
Вале ҳатто дар ин ҷойҳо мамнуъ ӯро ором намегузоранд. Одам ӯро сайд намуда, ром мекунад. Дар ин ҷо аспи ваҳшии хушсурате дастгир карда, ром карда шуда буд. Ӯ ба дасти шикорчии ҷавони аспони ваҳшӣ Морис-мустангер афтида буд.
Дар соҳили Аламо, шохаи дарёи Рио-де-Нуэсес, ки обаш булӯр барин шаффоф буд, кулбаи оддӣ, вале зебое меистод, ки ин кабил кулбаҳо дар Техас бисёранд.
Кулба аз танаҳои дукафони ба замин кӯфта шудаи юккаи дарахтшакл сохта шуда, бомаш бо баргҳои найзашакли ҳамин савсани азим пӯшида шуда буд.
Бар хилофи урфу одати мардуми Техаси ғарбӣ ба роғи байни ходаҳо лой намолида, балки аз тарафи даруни кулба пӯсти асп овехта, ба ҷои мехи оҳанӣ ба онҳо хори уд зада шуда буд.
Чариҳое, ки водии соҳили дарёро иҳота карда буданд, аз гиёҳҳои барои сохтани кулбаҳо масолеҳбоб — юкка, агава¹ ва дигар растаниҳои оддӣ фаровон буданд; дар поён водии ҳосилхез ба арзи чандин миль бо бешазори зебо пӯшида шуда буд, ки дар он дарахтони тут, гикори ва балут мерӯиданд. Минтақаи бешазор, дар ҳақиқат то водии соҳили дарё мерасид; нӯги дарахтон ба зӯр ба лаби ҷарӣ мерасиданд.
Аз тарафи дарё ба минтақаи бешазор ҳар ҷо-ҳар ҷо маргзорони хурд-хурд, ё даштҳое даромада мерафтанд, ки бо алафи тару тоза пӯшида шуда, дар байни мексикоиҳо бо номи «грама» машҳур мебошанд.
Дар яке аз ҳамингуна маргзори нимдоира — дар соҳили дарё — кулбаи оддии мо тасвир кардагӣ воқеъ гардида буд; танаи дарахтон сутунҳоро ба ёд меоварданд, ки боми театри бешагиро ба дӯши худ мебардоштанд.
Кулба дар соя воқеъ гардида, дарахтон онро паноҳ мекарданд. Ба назар чунин менамуд, ки ин ҷои хилват тасодуфан
1 Юкка ва агава — навъҳои растанӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё