Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
БОБИ LXXV
ЗЕБ СТУМП ПАИ МЕГИРАД
Зеб Стумп дар он ҷое, ки изи наҳли шикастаро ёфт, бисёр наистод.
Барои муқоисаи наҳлу из шаш сония кифоя буд. Баъд филфур аз ҷой хесту ба из равон шуд. Ӯ пиёда мерафт. Модиёни пир дар масофаи анча калон итоаткорона аз паси вай қадам мезад.
Зеб зиёда аз як мил роҳ тай кард ва дар ҷои из саҳл намоён будагӣ суръаташро суст мекард ва ҳангоме ки изҳо барлалотар намоён мегардиданд, тезтар роҳ мегашт.
Чӣ тавре ки археолог дар харобаҳои шаҳри қадима лавҳачаи сафолинеро ёфта, хатҳои шикастаи танҳо ба вай мафҳумро мехонад, ҳамчунон Зеб Стумп аломатҳои пурасрорро дар рӯи замини дашт мехонд.
Шикорчӣ саргарми ин машғулият гӯё ҳеҷ чизро намедид. Ӯ на ба саваннаи сабзи беҳудуди гирду атроф менигарист, на ба осмони кабуди софи болои сараш. Вай бо диққати тамомом ба алафи зери пояш захн мемонд.
Овозе, ки нохост баланд гардид, ӯро маҷбур намуд, ки сар бардорад.
Ин садои тири милтиқ, аммо чунон дур буд, ки базӯр ба гӯш мерасид.
Зеб беихтиёр истод ва сар бардошт, аммо қомат рост накард.
Шикорчии пир уфуқро дар ҳамон тарафе, ки садои тир баланд гардида буд, зуд аз назар гузаронид.
Дуди кабудҷатоб ҳамоно шакли лӯндаашро нигоҳ дошта, оҳиста-оҳиста ба осмон мебаромад. Дар зери раҳчаи балутзори дурдаст сиёҳӣ мекард.
Аз ҷое, ки Зеб меистод, ҳам доғи тираи беша, ҳам дуди борут, ҳам садои онро танҳо пайгири ботаҷриба дида ва шунида метавонист.
Аммо Зеб ҳам дудро диду ҳам садои тирро шунид.
— Бисьёр аҷиб! — ғур-ғур кард ӯ ва ҳамоно диққатак менишаст. — Бисьёр аҷиб, аз ин зиёдтар аҷиб шуданаш мумкин не. Ва кадом гаранг дар ин хел ҷой шикор карда гаштааст? Охир дар он ҷо ҳеҷ гуна парранда нест — тирро бекора ҳайф кардан чӣ лозим. Ман дар он бешача будам. Ба ғайр аз койот дар он ҷо дигар ҳеҷ чиз нест. Ва онҳо дар он ҷо чӣ мехӯранд?... Ха-а! — пас аз андаке хомӯш истодан давом намуд ӯ. — Ягон дӯкондор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор