Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
аз поселка, чи тавре, ки онҳо мегӯянд, ба «саёҳат» баромада, ин махлуқҳоро кир карда истодааст ва баъд лоф зада мегӯяд, ки гург шикор кард. Хайр чӣ, бигузор шикор кардан гирад — ин ба ман дахл надорад... Э ана! Ким-кӣ ба ин сӯ меояд! Гӯё иблисон ӯро пеш мекарда бошанд, аспро чорнаъл медавонад... Чӣ? Аз ҷоям соқ нахезам, ки ӯ бесар аст!
Гапи шикорчии пир дуруст буд. Ва кӣ савораеро, ки навакак аз абрпоран дуд ҷудо шуда, ба ҳамон ҷои Зеб истодагӣ бо суръати тамом асп тозонда меомад, дида намешинохт!
Ӯ дигар кас не, савораи бесар буд.
Ва шубҳа набуд, ки гӯё ӯ Зебро дида бошад асп монда рост ба назди вай меомад.
Дар ҳудуди Техас аз шикорчии пир дида, одамеро ҷасуртар ёфтан гумон буд. Ӯ на аз рӯбарӯшавӣ бо паланг метарсид, на аз пума, на аз хирс, на говмеш; аз ҳиндуҳо ҳам сари тарс надошт. Ӯ, шояд, ҳангоми бо отряди команчиҳо вохӯрдан даступо гум намекард, вале баробари дидани ин токасавора Зеб ихтиёр аз даст дод.
Ҳаёт Зеб Стумпро дар байни табиати ваҳшӣ обутоб дода, шогирди бовафои ин муаллими хирадманд бошад ҳам, вале ба баъзе ақидаҳои хурофӣ бовар мекард. Кӣ ҳам бовар намекунад!
Шикорчии куҳансол на аз одам метарсид, на аз ҳайвони дарранда, вале дар назди воқеаҳои фавқуттабиӣ тоб оварда наметавонист. Ҳар кас ҳам мебуд пас савораи хаёлӣ, ки мисли бод пеш метохт ва гӯё бо худ марг меовард, метарсид.
Зеб Стумп на ин ки тоб наовард — ӯ аз ҳарос ларзида, ҷои руст шудан мекофт.
Савораи бесар ӯро надида пеш дар байни буттаҳои он наздик рӯидагӣ пинҳон шуд.
Вале охир ӯро модиёни зиндор ошкор карданаш мумкин буд. Не, пеш аз он ки Зеб дар паноҳгоҳи худ дурустакак пинҳон шавад, чораҳои эҳтиётӣ дид.
— Хоб кун! — фарёд зад ба тарафи аспаки бовафояш, ки агарчӣ гап зада натавонад ҳам, вале муддаояш ӯро нағз мефаҳмид. — Зуд хоб кун, абошад ба коми ҷаҳаннам меравӣ!
Модиён гӯё аз ин таҳдид тарсида, дарҳол ба зону зад ва баъд пойҳои ақибашро ба тагаш гирифта, ба рӯи алаф хобид, мисли ин ки баъди рӯзи корӣ ба дамгирӣ қарор гирифт.
Ҳамин ки Зеб ва аспи ӯ пинҳон шуданд, савораи пурасрор аз паҳлӯи онҳо чорнаъл асп тозонда гузашт.
Ӯ бо суръати тамом асп метозонд ва зоҳиран нияти истодан надошт, ки аз ин кори вай Зеб хеле шод буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор