Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

остона қадам гузошта ба маргзоре, ки дар байни кулба ва дарёча воқеъ гардида буд, равон шуд.

Ӯ на фақат кампали кӯҳнаашро бардошта мебурд, дар дасташ кабриесто — ҷилбури тахминан ҳафт ярд дароз, ки аз кили асп тофта шуда буд, овезон буд. Одатан бо ин хел ҷилбур аспро дар чарогоҳ тевала мекунанд, аммо ҳозир он барои дигар мақсад таъин гардида буд.

Пирамард дар равшании моҳ алафро бодиққат аз назар гузаронд, баъд ҷилбурро ба замин паҳн карда, ҷоеро, ки кутри он якчанд фут меомад, доира гирифт. Баъд аз болои аргамчин ба даруни доира қадам гузошта, ба кампал печида дароз кашид ва пас аз як дақиқа мисли ӯи ки хобаш бурд.

Аз баланд-баланд нафасгириаш, шояд, дар ҳақиқат хобида буд. Ба туфайли саломатии беайб ва виҷдони пок сарашро ба замин гузоштан ҳамон хоби Зеб Стумп мебурд.

Аммо ӯ дуру дароз истироҳат накард. Ду чашми ҳайрон ба ҳар кору рафтори вай бо диққат менигаристанд: ин чашмони Фелим О’Нил буданд.

— Патрики валӣ, — пичиррос зад вай, — чаро ин пирамард атрофашро бо ҷилбур гирифт?

Кунҷковии марди ирландӣ чанд гоҳ бо эҳсоси одобу назокат мубориза бурд, аммо баъд кунҷковиӣ боло гирифт; ҳамин ки шикорчӣ ба хурраккашӣ сар кард, Фелим понда-поида ба ӯ наздик рафт ва ӯро ҷунбонид, ки ба саволи даркориаш ҷавоб гирад.

— Ба ҳафт пуштат лаънат, ирландии ҳар! — хитоб намуд Стумп, ки дар оҳанги гапзанаш баръало норозӣгӣ ҳис карда мешуд. — Фикр кардам, ки аллакай субҳ дамидааст... Барои чӣ атрофамро бо ҷилбур мегирам? Барои худамро аз ҳар хел маҳлукоти хазанда муҳофизат кардан набуда, боз барои чӣ мешуд?

— Аз кадом маҳлукоти хазанда, мистер Стумп? Аз мор, чӣ?

— Албатта аз мор, арвоҳ занад туро! Рафта хоб кун.

Бо вуҷуди шунидани дашному ҳақорат Фелим хушҳол ба кулба баргашт. «Агар ҳиндуҳоро ба ҳисоб нагирем, дар Техас чизи аз ҳама бадтар морҳои заҳрнок мебошанд, — ғур-ғур карда худ ба худ гап мезад ӯ. — Аз рӯзи ба ин ҷо омаданам, ягон бор аз хоб сер нашудаам. Мудом ё дар бораи онҳо фикр мекунӣ, ё онҳоро хоб мебинӣ. Сад афсӯс, ки то ба он дунё реҳлат карданаш Патрики валӣ ба Техас наомада будааст!»¹

_________________ ¹ Мувофиқи ривоятҳо Патрики валӣ тамоми морҳои заҳрноки Ирландияро нобуд кардааст.

пешина
аз 509
навбатӣ