Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
буд. Зеб даҳ панҷаашро баробар кушода ба ӯ ҳамла намуд. Пас аз якчанд сония ҷисми дарози ялаққосии мор дар дасти ӯ печутоб хӯрдан гирифт.
— Ҳӯш, мистер Фелим, — нидо дод Зеб, — акнун хушёр бош! Агар ту сабукҷони худозадагиро боб накунам, номам Зеб не. Ҳоло сабр кун!
Ва шикорчӣ ин гапҳоро гуфта ба сӯи кулба раҳсипор шуд; дар сояи он поида-поида наздик рафта, бохтурро ба даруни ҳалқае, ки Фелим атрофи манзили худро гирифта буд, сар дод.
Шикорчӣ ба бистари алафии худ баргашта, боз як бори дигар кӯрпаро ба сар кашида ғур-ғуркунон гуфт:
— Яқин ки «моқиёнча» аз болои чилбур хазида намегузарад: инаш ҳам маълум, ки ӯ дар ҷустуҷӯи роҳи халосӣ ҳама ҷоро кофта мебарояд. Ва агар мор пас аз ним соат ба болои ин ирландии аҳмақ баромада нагирад, он гоҳ худи Зеб Стумп аҳмақ мебошад... Ист! Ин чӣ гап? Арвоҳ занад, наход бохтур аллакай ба болояш баромада бошад?
Агар шикорчӣ боз ягон гапи дигар гуфтан мехост, аз ду сар ҳеҷ чиз шунида намешуд, чунки чунон шавкуне бархост, ки тамоми ҷонзоди Аламо ва ба масофаи як чанд мил гирду атрофро бедор карданашон мумкин буд.
Аввало фарёди ҷонқоҳ, ё худ, дурусттараш фиғоне бархост, ки мислаш фақат аз гӯлӯи Фелим О'Нил баромаданаш мумкин буд.
Баъд овози Фелимро аккоси бардавоми саг, фирик-фирик ва шиҳакашии аспон паҳш кард; ин беист якчанд дақиқа давом кард.
— Чӣ гап шуд? — аз кат часта хест мустангер ва даст-дасткунон ба хизматгори ваҳм зери кардааш наздик рафт.
— Чӣ чин зад? Ё худ албастӣ ба хобат даромад?
— Оҳ мастер Морис, албастӣ ҳам гап шуд! Мор ба ман ҳамла кард! Аъзои баданамро газид!.. Патрики валӣ, вақту соати мани бечора расид! Ман, аз афташ, ҳозир мемурам...
— Мор газид? Куҷоятро газид? — саросемавор шамъро гиронда пурсид Морис.
Ӯ ҳамроҳи шикорчӣ, ки аллакай расида омада буд, Фелимро аз назар гузаронид.
— Ҷои газидагиаш наменамояд-ку, — пас аз он ки аъзои бадани хизматгорашро бо диққат аз назар гузаронид, — гуфт мустангер.
— Ҳатто ҷои харошидагӣ нест, — ҷавоби кӯтоҳ дод Стумп.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё