Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

— Мор! — вақте ки чашмаш ба хазанда афтид, ғур-ғуркунон гуфт ӯ.— Аҷаб, кадом хелаш шабонгоҳҳо дар ин ҷо мехазида бошад... Мори зангӣ бошад, хеле калон; дуруст аст, ки дар ин ҷойҳо навъи морҳои зангӣ қариб ба ин калонӣ дучор меоянд.
Аммо пулакчаҳои ин аз ҳад зиёд, ҷилодор ва барои мори зангӣ чашмаш хеле борик. Не, ин мори зангӣ не... Ҳа-а, акнун ин начасро шинохтам! Ин «мокиёнча» тухм кофта гаштааст. Уҳ, хилагаре! Ва боз рост ба тарафи ман хазида меояд...

Дар оҳанги гапзании ӯ тарсу ҳарос ҳис карда намешуд:
Зеб Стумп медонист, ки мор аз болои чилбур хазида намегузарад, балки ба он расидан ҳамон, аз оташ гурехтагӣ барин, гашта меравад. Агар ин мори аз ҳама заҳрнок мебуд ҳам, шикорчӣ метавонист аз ҳимояти ин доираи соҳирона осуда нигоҳ ба меҳмони нохонда муоина кунад.

Вале ӯ заҳрнок набуд. Ин бохтури оддӣ ва аз ҷинси аз ҳама безарари морон буд, ки дар забони оддии гуфтугӯ онҳоро «мокиёнча» меноманд, агарчи онҳо дар рӯйхати морони Америкаи Шимолӣ дар қатори морони аз ҳама калон дохил шудаанд.

Дар чеҳраи Зеб кунҷковии начандон зиёд акс ёфта буд.
Ҳатто вақте, ки бохтур хазида, ба расан наздик омад ва сарашро андак бардошта ба он бархӯрд, шикорчӣ на дар ҳайрат монд ва на тарсид.

Пас аз ин ҳеҷ тарсидан ҳам лозим набуд; мор ҳамон дам баргашта хазида рафт.

Шикорчӣ як ё ду сония начунбида нишаст ва хазида дур шудани морро нигоҳ карда истод. Ба назар чунин менамуд, ки ӯ дудила буд — дунболгирӣ карда ӯро кушад ё ба ҳолаш гузорад.
Агар вай мори зангӣ, тирмор ё афъӣ мебуд, ӯ бо пошнаи вазнини мӯзааш сари онро паҳш мекард. Аммо мори безарар «мокиёнча»-ро куштан фоида надошт. Ҳоло ки мор бо оҳистагӣ хазида дур мешуд, ин аз суханони шикорчӣ маълум буд:

— Махлуқи бечора! Бигузор ба роҳи худ рафтан гирад.
Рост аст, ки ӯ тухми мурғи марҷонро макида мехӯрад ва бо ин кораш зоти мурғи марҷонро кам мекунад, аммо охир ягона хӯроки вай ҳамин аст ва аз он хафа шуданам лозим нест. Вале аз кори он аблаҳ кардагӣ ҳеҷ ғазабам паст намешавад. Мехостам бо ӯ ҳисобамро баробар кунам, фақат хоҷааш наранҷад шудаст!.. Ёфтам! Роҳи нағзашро ёфтам!

Шикорчии пир ин суханонро гуфта часта хест, ифодаи чеҳрааш ҳилагарона ва хушҳол гардида, аз паси бохтур тохт.

Барои дастгир кардани мор якчанд қадам партофтан кифоя

пешина
аз 509
навбатӣ