Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

буд; манзараро одамони ранги пӯсташон гуногун, сару либосашон ниҳоят ҳархела, одамонам ҳама касбу кор ва дар ҷамъият соҳиби ҳар гуна рутбаю мартаба рангоранг мекарданд.

Ва худи қалъа як намуди ғайриоддӣ дорад. Байрақи пурситора бар болои бастиони деворҳояш кунгурадор ҳилпиррос намезанад, он ба қазҳатҳо ё роҳҳои махфӣ соя намеафканад: дар ин ҷо на ҳандак ҳаст, на садд — на ягон чизе, ки қалъа буданашро ба ёд биёрад. Ин ҳамту девори чӯбинест, ки аз танаи дарахтони алгаробо сохта шудааст ва дар дарунаш барои дусад асп айвон — оғиле воқеъ гардидааст. Берун аз ҳудуди он тахмин даҳ бинои меъморнаш оддӣ, кулбаҳакалеҳои муқаррарии деворҳояшон бофта андова карда шуда воқеъ гардида буданд; аз ҳама калони онҳо казарма мебошад. Аз кулбаҳо он тараф беморхонаи ҳарбӣ, анборҳои интендантӣ, аз як тараф гауптвахта, аз тарафи дигар, дар ҷои басе намоён, — ошхона ва хонаҳои афсарон воқеъ гаштаанд. Ҳамаи ин биноҳо бағоят оддӣ мебошанд: деворҳои андова кардаашон бо оҳаке, ки дар соҳилҳои Леона хеле фаровон мебошад, сафед карда шудаанд; ҳама ҷо тозаю озода мебошад, чи тавре ки ин ба қалъаи дар он ҳарбиён мундири миллати мутамаддини бузургро мепӯшидагӣ лозим аст. Чунин аст қалъаи Инҷ.

Чанде дуртар гурӯҳи дигари биноҳо намудоранд, ки аз гурӯхи биноҳои қалъа номида мешудагӣ зиёдтар намебошанд. Онҳо низ дар зери ҳимояи байрақи Америка мебошанд; ва агарчи он бевосита бар болои онҳо парафшонӣ намекунад, онҳо бо пайдошавӣ ва мавҷудияти худ аз он миннатдоранд. Ин ҳолати таъсиссёбии яке аз он посёлкаҳое аст, ки одатан дар наздикии дидбонгоҳҳои ҳарбии американӣ пайдо мешаванд, зуд тараққӣ мекунанд ва аксар вақт ба шаҳрчаҳои хурд, баъзан ба шаҳрҳои калон табдил меёбанд.

Дар айни замон аҳолии посёлка аз инҳо иборатанд: марки-танг (фурӯшандаи озуқаворӣ дар байни лашкар) ки озуқавории дар анбори вай нигоҳ дошта мешудагӣ ба ҳисоби паёки ҳарбӣ дохил намешавад, соҳиби меҳмонхона ва майхона, ки бекорхӯҷаҳоро ба рафҳои аз шишаҳои рахдор чида пур кардааш ҷалб менамояд; гурӯҳ-гурӯҳ бозигарҳои касбӣ, ки бо ёрии фараон ва монте кисаҳои афсарони гарнизони маҳаллиро тоза мекунанд; ягон бист сеньоритаҳои сиёҳчашми ҳайсияташон

1 Фараон ва монте — кимор дар картабозӣ.

пешина
аз 509
навбатӣ