Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
шубҳаангез; ҳамин қадар шикорчӣ, аробакашон, мустангерҳо ва одамони касбу корашон номуайян, ки дар ҳар мамлакат дар гирду атрофи лагерҳои ҳарбӣ бекор-бекор мегарданд.
Хонаҳои ин посёлкаи начандон калон то як андоза ба тартиб ҷойгир шудаанд. Зоҳиран, ҳамаи онҳо моликияти як соҳибкор мебошанд. Онҳо дар атрофи «майдон»-е воқеъ гардидаанд, ки ба ҷон фонус ва ҳайкаҳҳо дар болои алафҳои поймол карда шуда танаи хушки дарахти сарв ва якчанд бутта қомат рост кардаанд.
Леона дар ин ҷо ҳанӯз қариб ҷӯйча мебошад; вай аз паси қалъа ва посёлка ҷорӣ шуда меравад. Дар рӯ ба рӯ ҳамворие воқеъ гардидааст, ки онро алафи зумуррадранги баланд пӯшида, дар дур хати аз он ҳам тиратари беша кашида шудааст, ки дарахтони азими балут, забонгунҷики ҷангалӣ барои мавҷудияти худ бо кактусҳои хордор ва боз бисёр растаниҳои печанда ва ҳазандаи муфтхӯр, ки қариб ба табиатшиносон номаълум мебошанд, мубориза мебаранд. Дар самти ҷанубу шарқ дар соҳили дарёча ҳар ҷо-ҳар ҷо хонаҳо воқеъ гардидаанд. Инҳо мулкҳои плантаторҳо мебошанд; баъзеи онҳо нав сохта шудаанд ва ба ягон хел услуб иддао намекунанд, як қисмашон бо усули меъмории аҷиб сохта шуда, зоҳиран, анҷа қадима мебошанд. Яке аз онҳо махсусан диққатро ба худ ҷалб менамояд. Бинои калони бомаш ҳамвору девораш кунгурадореро ба худ тасаввур кунед; деворҳои сафеди он дар заминаи сабзи беша, ки аз се тараф бинои хонаро иҳота карда гирифтаанд, барҷало намоуд шуда меистанд. Ин асиендаи1 - Каса-дел-Корво мебошад.
Шумо ба сӯи шимол бармегардед ва дар пеши назаратон нохост кӯҳи маҳрутшакли танҳо намудор мегардад; кӯҳ бар болои ҳамворӣ чанд ин сад фут қомат рост кардааст; дар кафои он дар дурияи пуртуман хати шикастаи кӯҳҳои Гваделуп - силсилаи кӯҳҳои қатор намудор мебошад, ки суфакӯҳи қариб тадқикнашудаи Льяно-Эстакадоро анҷом медиҳад.
Ба боло нигаред ва шумо осмонро мебинед, ки ҳам ранги ёкути кабӯдро дорад, ҳам ранги фирузаро. Рӯзона он тамоман софу беабр аст ва танҳо курси офтоб дар он шашшаапошӣ мекунад. Шабонаҳо рӯи онро ситораҳо фаро гирифтаанд, ки гӯё онҳо аз нуқраи чилодор кӯфта тайёр карда шудаанд; тарҳи рав-
1 Асиенда — мулк; дар Мексика, Техас ва Америками ҷанубӣ ҳавлии помещикро низ ҳамин тавр меноманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё