Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
ба дуэлчӣ ва ҳавобаландӣ бароварданд. Вале ҳанӯз пеш аз сар шудани ҷанги Мексика ба ин шӯҳрат соҳиб шуда буд. Дар Орлеани Нав ҳамчун одами хавфнок машҳур буд.
— Хайр чӣ? — гуфт драгуни ҷавон каме густохона. — Кори мардум чӣ ки мистер Кассий Колхаун одами хавфнок аст ё беозор! Рости гап, ин барои ман фарқ надорад. Охир шумо мегӯед, ки ӯ ба мисс Пойндекстер фақат бачаи амма мешавад.
— Тамоман ин тавр не... Ба гумонам, ӯро дӯст медорад.
— Духтар ҳам дӯст медорад?
— Инашро намедонам. Аммо, зоҳиран, ӯ маҳбуби падари духтар мебошад. Ҳатто, — рости гап, сабаби ин нағзбиниро бисёр махфӣ карда ба ман фаҳмонданд. Ҳодисаи муқаррарӣ — тобеияти пулию динор. Пойндекстер акнун пештара барин давлатноманд нест, набошад мо ҳеҷ гоҳ ӯро дар ин ҷо намедидем.
— Агар духтари вай, чи тавре ки шумо мегӯед, ин қадар дилрабо бошад, дар он сурат бояд пиндошт, ки Кассий Колхаун низ ба наздикӣ ба ин ҷо меояд.
— «Ба наздикӣ!» Он чӣ ки ба шумо маълум аст, ҳамааш ҳамин? Вай аллакай дар ҳамин ҷо. Ӯ бо аҳли оилаи онҳо ба ин ҷо омадааст ва акнун ҳамроҳашон зиндагӣ мекунад. Баъзеҳо тахмин мекунанд, ки плантацияро онҳо ҳамроҳ харидаанд. Ин пагоҳӣ ман ӯро дар майхонаи меҳмонхона дидам — ӯ аракхӯрӣ ва бо ҳама дастбагиребон шуда, ҳарвақта барин ман-манӣ мекард.
— Ранги рӯяш гандумгун, аз афташ тахмин сисола, мӯи сар ва буруташ сиёҳ, сюртуки кабуди моҳутии тарзи буриш ва дӯзишаш нимҳарбӣ, дар миёнаш таппончаи «Кольт» дорад — ҳамту?
— Худи худаш! Агар ба зери сюртукаш нигарӣ, каҷкорд ҳам дорад. Худаш.
— Одами бисёр балманзар, — гуфт тирандоз, — ва агар ҳамин хел лофӣ ва бодӣ бошад, дар он сурат зоҳираш фириб намедиҳад.
— Зоҳираш ба ҷаҳаннам равад! — бо ғазаб хитоб намуд драгун.— Ба афсарони армияи Сэм амак аз зоҳири кас тарсидан зебанда нест. Низ аз худи ҷангара. Агар ӯ ба ман ҷанҷол сар карданӣ шавад, дар он сурат мефаҳмад, ки ман кулангро аз вай пештар кашида метавонам...
Дар ҳамин вақт карнайча ба навохтан сар карда, қӯшунро ба азназаргузаронии пагоҳирӯзӣ даъват намуд, — маросиме, ки дар қалъачаи хурдакак ҳамчунои қатъӣ риоя карда мешуд, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё