Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

АдабиётҚисса
Аз аввал хондан

агар корпуси армия меистод ҳам. Ва ҳар се афсар аз ҳам ҷудо шуда, ҳар кадом ба назди ротаи худ рафтанд, то онро ба азназаргузаронӣ, ки майор, командири қалъа мегузаронид, тайёр кунанд.

Боби Х

КАСА-ДЕЛЬ-КОРВО

Мулк ё ин ки асиендаи Каса-дель-Корво дар водии сербешан Леона зиёда аз се миль дароз кашида шуда, ба самти ҷануб ба дашт ба масофаи шаш миль даромада мерафт.

Ҳавлии плантатор, ки агарчӣ одатан, низ нодуруст асиенда номида мешуд, аз қалъаи Инҷ дар масофаи тири тӯп мерасидагӣ воқеъ гардида буд ва аз он ҷо як қисми деворҳои сафедаш менамуданд; пеши қисми боқимондаи асиендаро дарахтони баланде, ки соҳилҳои дарёро баҳя кашида буданд, мегирифтанд.

Мавқеи асиенда ғайримуқаррарӣ ва, бешубҳа, бо мулоҳизаҳои мудофиавӣ интихоб гардида буд, чунки он замонҳо вақте ки таҳкурсии хона гузошта мешуд, мустамликачиён аз тоҳтутози ҳиндуҳо метарсиданд; зотан, ин хатар ҳозир ҳам онҳоро тахдид мекард.

Дарё дар ин ҷо якбора ҳам гашта, шакли наъл ё ин ки аз чор се ҳиссаи кавсро ташкил медиҳад; дар ватари он, ё дурусттараш, дар параллелограмми ба он насб гардида асиенда сохта шуда буд. Номи Каса-дель-Корво — «Хона дар ҳамгашт» ҳам аз ҳамин ҷо гирифта шудааст.

Рӯи иморати хона ба сӯи дашт менигарад, ки он то уфуқ доман паҳн кардааст: боғи шоҳӣ назар ба ин чаманзори хушбахр тамоман хурдакак менамояд.

Услуби меъмории Каса-дель-Корворо, ҳамчун дигар хонаҳои калони помещикони Мексика, марвитани — мексикой номидан мумкин аст.

Хона якошӯена буда, боми ҳамвор — асотея дошта, атрофаш девора гирифта шудааст. Дар даруни девора ҳавлии фаршаш бо тахтасанг пӯшида — «патио» воқеъ гардидааст, ки фаввора ва зинапоя дорад. Зинапоя ба асотея мебарад. Ҳавлӣ дарвозаи чӯбини калон дорад; аз ду тарафи дарвоза ду ё се тиреза воқеъ гардидааст, ки панҷараи оҳанӣ гирифта шудаанд. Хусусиятҳои ба худ хоси асиендаи мексикои аз ҳаминҳо иборат мебошанд. Каса-дель-Корво аз ин навъ биноҳои қадима,

пешина
аз 509
навбатӣ