Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
шавку завқи пуршиддат дода шудани ин саволро дарк кунад. У инчунин пай набурд, ки ҳангоми ҷавоби ӯро шунидан гуна-ҳои духтар якбора лолагун гаштанд.
Аммо на инаш, на ваяш аз назари Флоринда пинҳон намонд.
— Оҳ мисс Луиз, — хитоб намуд вай, — охир ҳамон сентльме-ни ҷавонро, ки дар дашти сӯхта моро наҷот дода буд, ҳамин тавр меноманд!
— Инаш ҳам дуруст! — креолдухтари ҷавопро аз зарурати ҷавоби рӯйрост паҷот дода хитоб намуд шикорчии пир. — Фа-қат ҳамин пагоҳӣ, пеш аз сафар, ин воқеаро ба ман нақл кард. Худи худаш. Мустанги гули бодомро ҳам ӯ дастгир кардааст. Ҳозир ҷавон дар роҳ аст — модиёни гули бодом ва боз даҳ-ду-воздаҳ мустанги дигарро ҳай карда меорад — ва то шом бояд расида биёяд. Ман бошам бо модиёни пирам пеш-пеш шитоф-там, ки инро ба падари шумо гуфта диҳам. Медонам, ки баро-бари дар қалъа ва дар плантацияҳо бохабар шудан нархашро напурсида онро мегиранд. Ман ин корро ба хотири шумо кар-дам, мисс Луиза, — ёд дорам, ки вақти нақли маро шунидан чӣ тавр ба ҳаваси он афтода будед. Хайр ҳеҷ гап не, акнун парво накунед, ҳамааш хуб шуда меравад — Зеб Стумпи пир ба ин зомин мешавад.
— Оҳ, мистер Стумп, чӣ тавр шумо меҳрубон ҳастед! Ман аз шумо хеле миннатдорам! Вале ҳозир дақиқааҳ шуморо танҳо ме-гузорам. Бубахшед. Падарам ҳамин замон меояд. Мо имрӯз меҳмон таклиф кардагӣ. Ман бояд баъзе супоришҳо диҳам. Флоринда гӯй, ки барои мистер Стумп наҳор биёранд. Тезтар рафта супориш деҳ... Ҳа, ана боз чӣ гӯфтани будам, мистер Стумп, — ба гап давом намуд духтар ва ба шикорчӣ наздик шу-да, овозашро паст карда гуфт: — агар ҷавон... сентльмени ча-вон вақти будани меҳмонон омада монад — эҳтимол, ӯ онҳоро нашиносад, — лутфан, назорат намоед, ки аз вай бохабар ша-ванд. Дар айвон май ҳаст, дарҳол хӯрок ҳам меоранд. Мефаҳ-мед, ман дар чӣ хусус гап мезанам, мистер Стумпӣ азиз?
— Кӯр шавам, ки ягон чиз фаҳмам, мисс Луиза! Вақте ки дар бораи нӯшокӣ ва дигар чиз гап мезанед, гапатонро мефаҳмам, аммо шумо дар бораи кадом як сентлмени ҷавон гап мезанед, инро ҳеҷ сарфаҳм намеравам.
— Чӣ тавр, намефаҳмед! Сентлмени ҷавон-ҷавопе ки бояд мустангҳо биёрад.
— Ҳа-а! Морис-мустангер! Пас, шумо дар бораи вай гап мезанед? Гуфтанам лозим, ки шумо ӯро сентлмен номида саҳв накардед, агарчи дар бораи ҳар мустангер инро гуфтан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё