Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Вале зебу зиннати аз ҳама асосии маърака духтари паривашӣ плантатор буд. Овозаи хушрӯгии вай аз Луизиана, ки дар он ҷо ҳам соҳибҷмоли соҳибҷмолон ба ҳисоб мерафт, аз худаш пештар, ба Техас расида омада буд. Бонуи ҷавони хона, ки мисли олиҳа зебо буд ва маликаҳо барин табассум дар ҳами лабонаш мешикаст, дар байни меҳмонон гоҳ дар ин ҷо, гоҳ дар он ҷо пайдо мешуд.
Садҳо чашм ба ӯ нигаронида шуда буданд: баъзеҳо бо завқу завқ, баъзеҳо бо ҳасад ба ӯ менигаристанд.
Вале ӯ оё хушбахт буд?
Ин савол, бояд, аҷиб, қариб бемаънӣ намояд. Дар иҳотаи дӯстон, ошиқон, — яке аз онҳо кайҳо инҷониб ошиқи шайдо буд, дигарон акнун меҳр меварзиданд, — ошиқоне, ки дар байнишон плантаторҳои ҷавон, адвокатҳои акнун ба арсаи шаъну шӯҳрат қадам мегузоштагӣ — ва ходимони аллакай машҳури давлатӣ, писарони олиҳиҷанг буданд, ки яроқ гирифта мегаштанд, ё ба наздикӣ онро аз миён кушода монда буданд, — оё хушбахт набуданаш мумкин буд? Танҳо одами бегона — шахси бо хулку атвори креолдухтарон ва махсусан бо хулку атвори Луиза Пойндекстер шинос набудагӣ ин саволро доданаш мумкин буд.
Дар байни издиҳоми бошукӯҳи меҳмонон шахси ҳам бо инаш, ҳам бо ваяш шиносе буд, ки ба ҳар як ҳаракати ӯ муоина карда, мехост моҳияти онро сарфаҳм равад. Ин Кассий Колхаун буд.
Ӯ соя барин наздик нашавад ҳам, поида-понда номаълум аз як ҷо ба ҷои дигар гузашта, дум-думи Луиза мегашт: хоҳ дар боло бошад, хоҳ дар поён, бо намуди парешонхотириин сохта дар кунҷаке такя карда меистод ва ҳамчун ҷосус аз креолдухтар як дақиқа ҳам чашм намеканд.
Аҷибаш ҳамин буд, ки вай дар ҷавоби якзайл хушомадгӯйҳои ошиқон, ки мехостанд сазовори табассуми Луиза гарданд, аҳамият намедод, — ҳатто ишқбозии ҷиддии драгуни ҷавон Генкок гӯё Колхаунро безобита намекард. Чи тавре ки одатан ба сӯҳбати на барои худ, на барои дӯстон ягон қадар аҳамият доштагӣ истода гӯш мекунанд, ҳаяҷонашро ошкор нанамуда истода гӯш мевидохт.
Ва ҳангоме, ки ҳама ба асотея баромаданд, Кассий Колхаун худро фош кард: вақте ки Луиза ба девори асотея наздик шуда, ба дур зеҳӣ мемонд, атрофиён нигоҳи исрорқорона ва кунҷковонаи ӯро, ки якзайл аз қафои креолдухтар менигарист, пай набурда намонданд. Меҳмононе, ки наздиктар меистоданд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё