Зеҳн
Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

мерасонданд; вале дар дашт ром кардани аспи бо зину абзолро корнамоӣ ҳисоб намекарданд.

Морис бе зину узангу ҳам ӯро саришта кард. Вақте ки асп ҷуфтак мепаронд, мустангер зуд рӯяшро ба қафо гардонд, ҳарду бикини аспро дар оғӯш гирифт ва панҷаҳои пояшро ба шонаҳои ӯ тиргак карда, худро партофтан намонд.

Мустанг ду-се маротиба ҳамин корашро такрор кард, аммо ҳар дафъа ҳам маҷбур мешуд ба чолокии човандоз тан диҳад. Ва оқибат, аспи ба ғазаб омада гӯё бефоида будани саъю кӯшиши худро фаҳмида, ҷуфтакпаронияшро бас кард ва пеш ҷаҳида, чунон бо суръат тохт, ки гӯё савораро ба он чети дунё бурдагӣ буд.

Ин пойга мебоист дар ягон ҷо, вале дур аз назари ҷамъомадагон, ки дар асотея истода нигарони гашта омадани мустангер буданд, тамом мешуд. Бисёриҳо тахмин карда мегуфтанд, ки мустанг ӯро афтонида мекушад ё ҳеҷ набошад майб мекунад. Дар байни ҳозирон як одам махфиёна дар дил инро орзу мекард, аммо барои шахси дигар ин қариб ба марги худаш баробар буд. Чаро Луиза Пойндекстер, духтари плантатори пуркибру ғурури Луизиана, соҳибҷамоли номӣ, ки ба шахси аз ҳама номдор ва давлатманд ба шавҳар баромада метавонист, чаро вай ишқи ин ки орзую хаёли шикорчии камбағали Техасро дар дил мепарварид — ин сирре буд, ки бо вуҷуди ақли расояш худи вай онро сарфаҳм рафта наметавонист.

Шояд, ин орзую хаёли вай ҳанӯз то ҷое нарасида буд, ки ошиқ шавад. Худи ӯ инро фикр намекард.

Ӯ фақат дарк мекард, ки дар вуҷудаш нисбат ба ин одами аҷоиб якбора ким-чи гуна майлу рағбати аҷоиб пайдо шуд, ки бо вай дар вазъияти хеле хаёлпарастона шинос шуда ва аз одамони ғайриоддие, ки ном ҷамъияти баргузидагонро ташкил медиҳанд, фарқияти хеле калон дошт.

Ва Луиза мефаҳмид, ки ин майлу рағбат, ки дар миёни дашти сӯхта бо сухан, нигоҳ, ишора, гапи шунида ё дида ба вуҷуд омада буд, ба ҷои хомӯш гаштан, рӯз ба рӯз то рафт зиёдтар мешавад.

Вақте ки Морис-мустангер аз нав савори аспи акнун ваҳшӣ не, балки ром намудур шуд, дили Луиза гуп-гуп задан гирифт: асп ба афтонидани Морис саъй намекард, балки ором шуда, мутеона ӯро соҳиби худ шинохта буд.

Креолдухтари ҷавон низ ҳаминро ҳис мекард: агарчи ҳеҷ кас инро пай набурд ва худаш инро иқрор нашуд.

— Мисс Пойндекстер, — аз асп ҷаста фуромада ва ба гулдурроси

пешина
аз 509
навбатӣ