Савораи бесар

Ин роман асари машҳури нависандаи америкоӣ Майкл Рид буда, воқеаҳои пурмоҷаро ва сирри савораи бесарро дар даштҳои Техас нақл мекунад. Асар хонандаро бо саёҳатҳо ва муаммоҳои печида ошно месозад.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 509 саҳифа
Ҳама баробар хандиданд.
Дар ин миён манада наздик мешуд.
— Ба аспон савор шавед! — аз ҳар тараф овозҳо баланд гардиданд.
Аспон, ки ҳанӯз ҷуворимаккаи ба пешашон рехтаро нахӯрда буданд, ба даҳонашон сулуҳ зада ва лаҷом ба китфонашон партофта шуд, ки дар ҳавои дими субҳгоҳии тропикӣ аз суръати гашти бошитоб ҳанӯз тар буданд ва ҳама бар зин нишаста, омодаи тохтан шуданд. Ин ҳама сад нашумурда анҷом дода шуд.
Дар ҳамин вақт галла дар нӯғи тале, ки навакак пешкаровул истода буд, намоён гардид. Аммо вай — касбаш мустангер — аллакай бар асп нишаста буд ва дар як он худро ба миёни галла гирифта, саъй менамуд лассоро ба гардани яке аз мустангҳо партояд. Аспон гӯё аз кадом як таъқибкунандаи пурдаҳшат ҳаросида, ғайритабиӣ фириккос зада, девонавор медавиданд. Онҳо ҳар дам ба ақиб нигариста, на ба фургон ва на ба саворон аҳамият дода, бод барин ба пеш метохтанд.
— Ким-чӣ онҳоро дунболгирӣ мекунад, — рафтори пурҳаяҷони ҳайвонҳоро дида гуфт Морис. — Худаш чӣ воқеа, Краспино? — ба мексикоие, ки аз болои тал таъқибкунандаи галларо медид, фарёд зад.
Ҳама мунтазири ҷавоб шуда, хомӯш гардиданд. Дар чеҳраи бисёриҳо изтироб ва хаттӯ воҳима намудор гардид. Боз ҳиндуҳо мустангҳоро таъқиб накарда истода бошанд?
— Un asino cimmaron, — ҷавоб дод марди мексикӣ, ки ҷавобаш чандон тасаллибахш набуд. — Un macho, — илова намуд вай.
— Тахминам баромад. Он бадзиштро нигоҳ доштан лозим, набошад шикорамонро вайрон мекунад. Вақте ин хари ваҳшӣ аз паси галла метозад, ҳеҷ илоҷи нигоҳ доштани мустангҳо нест. Дур аст ё наздик?
— Тамоман наздик, дон Морисио. Ӯ рост ба сӯи ман метозад.
— Яке илоҷ карда лассоро ба гарданаш парто. Агар нашавад, паррон. Аз вай халос шудан лозим.
Аз ҳозирон қариб ҳеҷ кас намедонист, ки чӣ аспонро дунболгирӣ мекунад. Фақат мустангер маънии «Un asino cimmaron»-ро мефаҳмид.
1 Ҳари ваҳшӣ. Нар. (испанӣ).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё